ОБУ ҲАВО: имрӯз дар Душанбе борони кӯтоҳмуддат дар назар аст
ДУШАНБЕ, 14.11.2017 /АМИТ «Ховар»/. Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон шаҳрвандон ва меҳмонони кишварро огоҳ менамояд, ки 14 ва 15 ноябр дар қаламави Тоҷикистон ҳавои номусоид пешбинӣ мегардад. Дар ин муддат тадриҷан то 8-10 дараҷа паст шудани ҳарорати ҳаво дар назар дошта шудааст.
Бино ба иттилои манбаъ, имрӯз, 14 ноябр дар баъзе ноҳияҳои вилояти Хатлон ва ноҳияҳои тобеи марказ вазиши шамол аз самти шарқ ба 17-22 метр дар як сония мерасад. Дар баъзе аз минтақаҳои вилояти Хатлон тӯфони гардолуд ва чангу ғубор ва дар баъзе аз ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои ғуборолуд пешбинӣ мешавад.
Тибқи маълумоти обуҳавошиносони кишвар, дар вилояти Хатлон ҳавои абрнок ва дар баъзе минтақаҳо борони кӯтоҳмуддат пешбинӣ шуда, шамол аз самти шарқ 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 6-11 ва рӯзона 9-14 дараҷа гарм мешавад.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои абрноки бебориш пешбинӣ мегардад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона аз 1 то 4 дараҷа ва рӯзона то 10-15 дараҷа гарм ва дар шарқи ин вилоят шабона 7-12 дараҷа хунук ва рӯзона 1-6 дараҷа гарм мешавад.
Обуҳавошиносон дар вилояти Суғд ҳавои абрнок, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат ва шабона дар ноҳияҳои кӯҳӣ боридани барфро пешгӯӣ менамоянд. Вазиши шамол аз самти шарқ ба 3-8 метр дар як сония мерасад. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 2-7 ва рӯзона 10-15 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои абрнок ва борони кӯтоҳмуддат пешбинӣ шуда, шамол аз самти шарқ 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳарорат дар водиҳо шабона ба 3-8 ва рӯзона ба 9-14 дараҷа мерасад.
Дар шаҳри Душанбе ҳавои абрнок ва борони кӯтоҳмуддат шуда, шамол аз самти шарқ 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 4-6 ва рӯзона 11-13 дараҷа гарм мешавад.








Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад






