ОБУ ҲАВО: имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои абрноки бебориш ва ғуборолуд пешгӯӣ мешавад
ДУШАНБЕ, 04.11.2017 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 4 ноябр дар қаламрави ҷумҳурӣ ҳавои абрноки тағйирёбанда ва дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат дар назар дошта шудааст. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон хабар доданд.
Тибқи маълумоти обуҳавошиносони кишвар, дар вилояти Хатлон ҳавои абрноки бебориш пешбинӣ шуда, шамол аз самти шарқ 2-7 метр дар як сония вазида, ҳарорат дар водиҳо рӯзона ба 23-28 дараҷа мерасад. Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои абрноки бебориш пешбинӣ мегардад. Ҳарорат дар ғарби вилоят рӯзона 17-22 ва дар шарқи он 5-10 дараҷа гарм мешавад.
Обуҳавошиносон дар вилояти Суғд ҳавои абрнок ва борони кӯтоҳмуддат пешгӯӣ менамоянд. Вазиши шамол аз самти шарқ ба 3-8 метр дар як сония мерасад. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 7-12 ва рӯзона 16-21 дараҷаро ташкил медиҳад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво абрноки бебориш ва дар баъзе ноҳияҳои кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат пешбинӣ шуда, шамол аз самти шарқ 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳарорат дар водиҳо шабона ба 5-10 ва рӯзона ба 22-27 дараҷа мерасад.
Обуҳавошиносон дар шаҳри Душанбе ҳавои абрноки бебориш ва ғуборолуд пешгӯӣ менамоянд. Шамол аз самти шарқ 3-8 метр дар як сония вазида, ҳаво шабона 6-8 ва рӯзона 24-26 дараҷа гарм мешавад.
Ба иттилои Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, аз 3 то 5 ноябри соли равон дар ҷумҳурӣ ҳавои номусоид дар назар дошта шуда, пастшавии ҳарорат бештар дар ноҳияҳои вилояти Суғд пешгӯӣ мешавад.
Бино ба иттилои манбаъ, дар вилояти Суғд ва як қатор навоҳии вилояти Хатлон шамоли сахт бо суръати то 12-17 метр дар як сония вазида, ҳарорат рӯ ба пастшавӣ меорад.








Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ноҳияи Роштқалъа корҳои биотехникӣ идома доранд
Дар Ҳисор муоинаи техникаҳои кишоварзӣ ва омодагии онҳо ба мавсими кишт гузаронида шуд






