ОБУ ҲАВО: имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар дошта шудааст
ДУШАНБЕ, 07.11.2017 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 7 ноябр дар қаламрави ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар дошта шудааст. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон хабар доданд.
Тибқи маълумоти обуҳавошиносони кишвар, дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешбинӣ шуда, шамол аз самти шарқ 4-9 метр дар як сония вазида, ҳарорат дар водиҳо рӯзона ба 24-29 дараҷа мерасад. Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешбинӣ мегардад. Ҳарорат дар ғарби вилоят рӯзона 17-22 дараҷа ва дар шарқи он 5-10 дараҷа гарм мешавад.
Обуҳавошиносон дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбанда ва дар баъзе маҳалҳо борони кӯтоҳмуддат пешгӯӣ менамоянд. Вазиши шамол аз самти шарқ ба 3-8 метр дар як сония мерасад. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 3-8 ва рӯзона 17-22 дараҷаро ташкил медиҳад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйирёбанда ва дар баъзе ноҳияҳои кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат пешбинӣ шуда, шамол аз самти шарқ 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳарорат дар водиҳо шабона ба 6-11 ва рӯзона ба 23-28 дараҷа мерасад.
Обуҳавошиносон дар шаҳри Душанбе ҳавои абрнок пешгӯӣ менамоянд. Шамол аз самти шарқ 2-7 метр дар як сония вазида, ҳаво шабона 6-11 ва рӯзона 23-28 дараҷа гарм мешавад.








Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад






