Пагоҳ дар Душанбе мусобиқаи «Анҷомёбии мавсими мототсиклронӣ-2017» доир мешавад

Ноябрь 10, 2017 10:08

ДУШАНБЕ, 10.11.2017 /АМИТ «Ховар»/. Пагоҳ,  11 ноябр дар  Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳ»  -и шаҳри Душанбе аз соати 11:00 то соати 15:00   клуби мототсиклронҳои «Ирбис» мусобиқаи «Анҷомёбии мавсими мототсиклронӣ-2017» -ро баргузор менамояд.

Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе  ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, мусобиқаи мазкур бо   мақсади дар сатҳи зарурӣ  ҷамъбаст намудани  «Мавсими мототсиклронӣ-2017»   ва дастгирӣ намудани ташаббуси ҷомеаи шаҳрвандӣ доир мегардад.

Бояд гуфт, ки ҳаракати қатораи иштирокчиён бо роҳнамоии  автомобилҳои роҳбонии шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе аз хиёбони Ҳофизи Шерозӣ ба самти кӯчаи Карамов — хиёбони Рӯдакӣ, гардиш ба тарафи рост то чорроҳаи хиёбони Рӯдакӣ — кӯчаи Бухоро, гардиш ба кӯчаи Бухоро — Турсунзода, гардиш ба тарафи рост — кӯчаи Шоҳтемур, ҳаракат то роҳи ҳалқавии гардиши Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Комбинати хӯроквории Тоҷикистон» ва баромад ба кӯчаи Дӯстии халқҳо то Муассисаи давлатии «Боғи «Ғалаба» ва нигоҳдории  ҷангал»-и мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба роҳ монда мешавад.

 

Ноябрь 10, 2017 10:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар мавзуи «Асосҳои конститутсионии муқовимат ба коррупсия» ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе оид ба таҳияи нақшаи чорабиниҳои 40-солагии истиқлолияти давлатӣ ҷаласаи гурӯҳи корӣ доир шуд
31 ОКТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ШАҲРҲО. Дар хиёбони Саъдии Шерозии Душанбе 3 эстакадаи дусатҳа бунёд мегардад
Шаҳри Душанбе бо ба даст овардани 65 ҷой ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» гардид
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳорови ноҳияи Фирдавсии пойтахт бо гузоштани санги асос ба сохтмони 3 эстакада ва як пул оғоз бахшиданд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз аз маҷмааи сайëҳию истироҳатии «Чорчаман» дидан намуданд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ дар деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз бо фаъолияти комплекси сайёҳии «ЗЕВ-С» ва намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад