ПАЙРАВӢ АЗ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ШАРАФИ БУЗУРГ АСТ! Муроҷиатномаи иштирокдорони Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон

Ноябрь 28, 2017 08:27

ДУШАНБЕ, 28.11.2017 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ дода будем, дар пойтахт бахшида ба Рӯзи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон 22-25  ноябри соли  равон бо иштироки зиёда аз 150  нафар намояндагони ҷавонон аз  шаҳру ноҳияҳои  кишвар  Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон таҳти унвони «Ҷавонон – пайрави Пешвои миллат ва муҳофизи дастовардҳои Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид.   Иштирокчиёни Фестивали мазкур баъди баргузории он Муроҷиатнома қабул намуда, онро ба сомонаи АМИТ «Ховар» ирсол намуданд. Дар Муроҷиатномаи мазкур  омадааст:

     — Ҳамсолони азиз, Ватани азизамон — Тоҷикистон маҳз дар зери сиёсати оқилона ва ояндасози Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар муддати кӯтоҳи таърихӣ аз кишвари гирифтори ҷанги таҳмилӣ ба як давлати ташаббускор дар сатҳи байналмилалӣ табдил ёфтааст, ки ин барои ҳар як ҷавони бонангу номус ва ватандӯсту ватанпарвар мактаби бузурги  ифтихори миллӣ мебошад.

Имрӯз мо ифтихор аз он дорем, ки намояндаи ҷавони аҳли зиёи миллати куҳанбунёди тоҷик дар замони истиқлол ҳастем ва дар амалӣ намудани сиёсати хирадмандона, созанда, бунёдкорона ва инсонпарваронаи Пешвои миллат саҳми худро гузошта истодаем.

Ватани азизу давлати обод ва миллати сарбаландамон  ифтихорманд аз онанд, ки имрӯзҳо таҳти роҳбарӣ ва роҳбаладии  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар лобалои вазъияти басо мушкилу печидаи сиёсиву иҷтимоӣ ва иқтисодии ҷомеаи ҷаҳонӣ қадамҳои устувор, умедбахш ва  ояндасоз ниҳода, дар ин ҷода мо — ҷавонони саодатманди кишварро ҳамчун пешоҳанги ташаббусҳои созанда муқаррар намудаанд.

Ҷавонон дар ҳама давру замон ҳамчун захираи зеҳниву кадрии ҷомеаи оянда дониста шудаанд. Аммо дар ҷомеаи Тоҷикистони навин  ҷавононро на ба хотири фардо, балки барои татбиқи нақшаҳои созандаи имрӯз низ ҳамфикру ҳаммаслак донистаанд.

Ба неруву қудрати зеҳнӣ, навовариву ташаббускорӣ ва ояндасозии мо, пеш аз ҳама, Пешвои муаззами миллат бовар доранд. Ин ифтихори бузург ва таҷрибаи бесобиқа аст.

Ҳамватанони гиромӣ!

Соли ҷавонон эълон гардидани соли 2017 бори дигар моро дар кори ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиатҳои миллӣ, арҷгузорӣ ба арзишҳои соҳибистиқлолӣ, эҳтироми таъриху фарҳанг ва ташаббускорӣ дар ҷабҳаҳои бунёдкориву созандагии Ватани маҳбубамон дилгарм ва фараҳманд гардонидааст. Аз ин рӯ, мо бо дарки ин масъулият ҷиҳати бунёди ҷомеаи созгор ва барои зиндагии арзанда ва шоистаи Тоҷикистони азизамон бо истифода аз донишу малака ва неруву тавони тозаамон кӯшиш менамоем.

Мо, ҷавонон ҳидоятҳои наҷиб ва созандаи Пешвои миллатро сармашқи кори худ намуда, бо набзи ҳаёт ва асри нав ҳамқадам буда, талаботи замонро пайваста дарк менамоем ва манфиати миллату амнияти давлати соҳибистиқлоламонро бо зиракии сиёсии хеш ҳимоя месозем.

Мо, ҷавонон дар сарҳад ва дигар сангарҳои кишвар муҳофизати марзу бум ва амнияти мамлакатро таъмин намуда, дар майдонҳои ҷаҳонӣ бо неруву тавони ҷисмониву ақлонии хеш парчами кишварро баланд мебардорем ва бо донишмандиву забондонии худ фарҳангу ҳунар ва таъриху тамаддуни халқи тоҷикро муаррифии шоиста менамоем.

Мо дар мактаби бузурги Пешвои муаззами миллатамон тарбият ёфтаем. Мо Пешвои худро саминонаву содиқона дӯст медорем. Пайравӣ аз Пешвои миллат бароямон шарафи бузург буда, муҳофизати дастовардҳои Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун масъулияти баланди ҷавонмардӣ дарк менамоем.

Ҳамсолони азиз!

Ҷавобан ба чунин ғамхориҳо, дастгириву боварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва давлату ҳукумат моро мебояд Ватани маҳбубамонро аз имрӯз дида бештару сидқан дӯст дорем, манфиатҳои миллиамонро дар ҳама ҳолат ҳифз намуда, авлотар аз манфиатҳои шахсӣ гузорем, муборизи дахолати бегонагон ба фарҳанги миллиамон бошем, донишу маърифати хешро мутобиқ ба талаботи ҷаҳону замони муосир гардонида дар арсаи байналмилалӣ муаррифгари шоистаи Тоҷикистон, пайравони содиқи Пешвои миллат ва муҳофизи асили дастовардҳои Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бошем.

Ноябрь 28, 2017 08:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо Ҳокими шаҳри Остона Женис Касимбек мулоқот намуданд
Дар Душанбе шумораи умумии воситаҳои нақлиёти мусофирбар 20 фоиз зиёд карда мешавад
Рустами Эмомалӣ: «80 фоизи таълимгирандагони таълимоти ғайриқонунии диниро ҷавонони то 30-сола ташкил медиҳанд»
Рустами Эмомалӣ: «Корҳо дар самти пешгирӣ ва коҳиш додани сатҳи амалҳои коррупсионӣ бояд тақвият дода шаванд»
Имрӯз таҳти роҳбарии Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ҷаласаи назоратӣ бо кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи пойтахт баргузор гардид
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ муассисаи таҳсилоти томактабии «Афрӯза»-ро мавриди истифода қарор доданд
Ғолибони даври шаҳрии озмунҳои «Беҳтарин ҳамсар» ва «Фарзанд – боғи падару модар» ба даври ҷумҳуриявӣ роҳ ёфтанд
Мақомоти шаҳри Душанбе шартномаи хариди 30 электробусро ба имзо расонид
Ҷаласаи кумитаи тадорукоти «Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе» доир гардид
Ҳамкории Душанбе бо Фландрияи Шоҳигарии Белгия тақвияти бештар меёбад
Дар шаҳраку маҳаллаҳои ноҳияҳои Душанбе озмунҳои «Беҳтарин ҳамсар» ва «Фарзанд – боғи падару модар» гузаронида шуданд
Дар асоси қарори Раиси шаҳри Душанбе дар пойтахт намоишгоҳи фурӯши либосҳои мактабӣ ва лавозимоти дарсӣ оғоз гардид