Пайвандони Ҳайдар Қосимов: “Қатли Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ ҳалқае дар занҷири кушторҳои чеҳраҳои саршинос аз ҷониби наҳзатиҳост”
ДУШАНБЕ, 18.11.2017./АМИТ «Ховар»/. Пайвандон ва дӯстони Қаҳрамони СССР аз Тоҷикистон Ҳайдар Қосимов, иддао доранд, ки ҳодисаи қатли ваҳшиёнаи ӯ ҳалқае аз занҷираи кушторҳои силсилавии чеҳраҳои саршиноси тоҷик аз ҷониби ҲНИТ дар солҳои 90-уми асри гузашта аст. Онҳо мегӯянд, ки Ҳайдар Қосимовро низ дар қатори Сафаралӣ Кенҷаев, Сайф Раҳимзоди Афардӣ, Муҳиддин Олимпур, Минҳоҷ Ғуломов, Исҳоқӣ ва дигар ходимони маъруфи давлатию ҷамъиятӣ афроди дастнишондаи ҲНИТ ба хотири ангеза додани ҷонибҳои даргир ва ба шӯр овардани мардуми осоишта ба қатл расондаанд.
Қаноатшо Абдуллоев, сарвари МТМУ № 4-и ноҳияи Ҷайҳун ва Зулматов Қобилҷон, раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати ҳамин ноҳия, дар суҳбати ихтисосӣ бо рӯзномаи “Хатлон” ёддошти худро аз замони ҷанги шаҳрвандӣ, ҳодисаи нопадидшавию қатли бераҳмонаи охирин Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ Ҳайдар Қосимов, ҷамъоварии иҷбории маблағ барои хариди силоҳ ва дасисакорию зулму ситами аъзои фаъоли ҲНИТ варақгардон намуданд.
— Қаблан, мехостам чанд ҷумла дар бораи Қаҳрамони СССР Ҳайдар Қосимов, ки яке аз чеҳраҳои бисёр намоён дар дунёи сиёсат буд ва на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар тамоми Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравии Сотсиалистӣ шуҳрат дошт, ёдовар мешудед. Чӣ гуна риштаҳои хешу таборӣ доред?
— Аммаам Тоҷиннисо ҳамсари Ҳайдар Қосимов буд. Оилаи тифоқу мустаҳкам доштанд. Ӯ омӯзгор, “Аълочии маорифи Иттиҳоди Шӯравӣ” ва Ҳайдар Қосимов як шахси обрӯманд, иштирокчии ҶБВ, Қаҳрамони СССР, чанд маротиба вакили мардумӣ интихоб шуда буд. Солҳои 1978-83 дар Донишкадаи омӯзгории шаҳри Қӯғонтеппа таҳсил мекардам ва он вақт қариб ҳар ҳафта дар хонаи Ҳайдар Қосимов будам.
— Хонаи ин кас дар ноҳияи Вахш буд?
— Он вақтҳо дар ноҳияи Вахш, совхози “Туркманистон” (ҳоло Ҷамоати деҳоти “Тоҷикобод”), деҳаи “Сохтмон” мезистанд. Ҳоло ҳам набераю абераҳояшон он ҷо умр ба сар мебаранд.
— Вақте ки чанд сол пеш дар бораи корномаи Ҳайдар Қосимов мақола менавиштам, ҳамсуҳбати мо аз мақомоти прокуратура гуфта буд, ки Ҳайдар Қосимов дар охирҳои соли 1992 ҳамроҳи пайвандонаш ба ноҳияи Ҷайҳун гуреза шуда буданд ва ҳамон айём Қаҳрамони СССР-ро афроди номаълум ба самти номаълум бурда ва ба қатл расондаанд…
— Ҳайдар Қосимов ва ақрабояш дар хонаи мо панаҳ бурда буданд. Баъди даргириҳо дар водии Вахш, Ҳайдар Қосимов бо аҳли байташ тахминан моҳҳои август — сентябри соли 1992 ба хонаи мо, ба ноҳияи Қумсангир омаданд. Оилаи мо, ки аз 14 кас иборат буд, бо ҷамъи хешу таборе, ки гуреза шуда омаданд, қариб 60 нафар шудем дар як хона. Як бурда нонро бо ҳам тақсим мекардем. Падари ман ҳам иштирокчии ҶБВ буданд. Ҳар ду шабҳои дароз суҳбатҳо доштанд. Аз моҳи ноябри соли 1992 фирори иҷбории мардум ба самти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон оғоз гардид. Аз ҷумла, оилаи мо ва оилаи Ҳайдар Қосимов якҷоя то назди сарҳади ҶИА рафтем. Дар ҳамон ҷо Ҳайдар Қосимов гуфт, ки “аз сарҳад намегузарем, дар Ватан мемонем!”. Ҳарчанд писари хурдиаш Абдумуқаддир зораю тавалло намуд, ки равем, нарафт. “Мурам ҳам, дар Ватан мурам! Ман барои ин Ватан ҷонбозӣ намудаам, хун рехтаам. Ба касе душманӣ накардаам, чӣ хел маро мекушанд?!”, — хитоб кард ӯ. Бо ин ки Ҳайдар Қосимов аз сарҳад нагузашт, қариб 30-40 дарсади мардуми рӯ ба фирори совхози “Туркманистон” аз роҳ баргаштанд, зеро Ҳайдар Қосимовро мардум бисёр ҳурмат мекарданд, ба ҳарфаш гӯш медоданд. Қариб ҳар шаб мардуми ҳаммаҳаллааш ба хонаи мо омада, ҳамроҳи Ҳайдар Қосимов суҳбат мекарданд. Хуллас, нарафт, танҳо писараш рафту тамом. Чандин гурӯҳҳо аз навкарони ҲНИТ буданд, ки ташвиқ намуданд, то мардум ба он сӯйи марз гузаранд, яроқбадастон фишор меоварданд, вале Ҳайдар Қосимов гапи онҳоро намегирифт.
— Ин чӣ гуна гурӯҳҳо буданд ва чаро ташвиқ мекарданд?
— Ин гурӯҳҳои ба истилоҳ “зархарид” буданд. Баъдан маълум гашт, ки он ҳама аз ҷониби наҳзатиён маблағгузорӣ мешуд ва нафароне, ки “саҳм”-и худро дар гурезондани мардум мегузоштанд, дар он сӯи марз аз ҷониби эрониён соҳиби имтиёзҳои зиёд мешудаанд. Миёни мардум дасиса бунёд мекарданд, шӯру ғавғо мебардоштанд. Дар ивази он ки хонаводаҳо ба он сӯйи сарҳад мегузаштанд, маблағ мегирифтанд. Онҳо мехостанд, ки мардуми ба истилоҳ “қаротегинӣ” ҳама бояд ба Афғонистон равад. Аммо Ҳайдар Қосимов ба найрангҳои онҳо бовар намекард ва фармони онҳоро ба калла намегирифт.
— Чаро онҳо бояд мерафтанд?
— Якум ин ки тавре гуфтам, вақте гурезаҳо сарҳади Афғонистонро мегузаштанд, он ҷо шахсони ангуштшумори наҳзатӣ даромади калон мегирифтанд. Он замон аз вилояти Қӯрғонтеппа тахминан 300-400 ҳазор гуреза ба Қумсангир (Ҷайҳуни имрӯза) омада буданд. Аз ҳисоби наҳзатиён гурӯҳҳое таъсис дода шуда буд, ки дар ҳамин ҷо кор мекарданд, ё мардумро беҳудаву баҳуда ташвиқ намуда, ба тарки хоки диёр водор месохтанд. Инҳо гурӯҳҳои махсуси пешакӣ омодагаштаи ҲНИТ, ба ибораи дигар авбошону дуздони наҳзатӣ буданд. Фикр мекунам, онҳо мақсадҳои сиёсӣ доштанд, амри калонҳои худро иҷро мекарданд, дигар чора надоштанд. Муттаҳами эрониён шуда буданд.
— Ҳайдар Қосимов ва қисме аз мардум аз сарҳад гашта омаданд. Баъзеашонро дар мактаб, масҷид ва хонаҳо ҷой намуданд. Фарорасии соли нави 1993-ро якҷоя бо Ҳайдар Қосимов пешвоз гирифтем. Як саҳари моҳи январ яроқбадастони ришдор омада, ӯро аз сари дастархон гирифта бурданд.
— Чӣ гуфта бурданд?
— Сиёсат ва дуғу пӯписа намуданд, ки “ту коммунисти ҳаром, барои давлати СССР геройӣ кардаӣ, барои чӣ ҷанг кардӣ??! Бо имрӯз гапи мора не мегӯй??? Ту кии худат?? Қаҳрамонӣ, барои худат қаҳрамонӣ!! Хез, рафтем бо мо!!!”. Ду рӯз гузашт, аммо Ҳайдар Қосимов пайдо нашуд. Он вақт метарсидӣ, ки берун рафта ҷустуҷӯ намоӣ. Ҳамроҳи аммаам, ки муаллима буд, ба идораи прокуроратураи ноҳия рафта ариза навиштем. Аз тарафи прокуратура кофтуков эълон намуданд, вале аз ягон ҷо хабар намерасид. Ҳамин тавр, баҳор ҳам расид, аммо дараке набуд. Як саҳар шиносе омада, гуфт, ки дар назди ПМК ду ҷасад дарёфт шуд, ки аз рӯйи нишонаҳояш ба Ҳайдар Қосимов монандӣ дорад. Рафтему дидем. Ҷасадҳо вайрон шуда буданд. Танҳо аз либосаш шинохтем, ки ӯ Ҳайдар Қосимов — охирин қаҳрамони СССР дар ҶБВ аст ва аз дасти насли кӯрнамаки худ ваҳшиёна ба қатл расонда шудааст. Оне, ки барои ғасби душман ҷонбозиҳои қаҳрамонона кард, оне, ки барои насли ояндаи худ заминаи сулҳ офарид, номи тоҷикро шарафмандона боло бардошт!!! Ҷасади беҷони “Рустам-қаҳрамон”-ро, ки аз дасти шағолҳо кушта шуда буд, бардошта намешуд, чунки аллакай се моҳ сипарӣ шуда буд. Ҳамин тавр, ҷасадашро дар “Деҳаи Боло” моҳи марти соли 1993 ба хок супоридем.
— Ниҳоят нафаҳмидед, ки дар ин ҳодиса киҳо даст доштаанд?
— Албатта, ин кори дасти одамони иғвобарангез буд. Бале, ман маҳз “наҳзатиён”-и бешарафро дар назар дорам, ки иғвогарон буданд. Ҳама наҳсӣ аз онҳо пайдо шуд, шукр накарданд, нони худро пеши по заданд, аввалин шуда митингу митингбозӣ карданд, ба қатли оммавӣ даст заданд, мардумро фирорӣ карданд,… Эҳҳ, чи гӯям… оқибат Худо онҳоро зад!!! Он вақтҳо чеҳраҳои намоёни миллатро ба хотири шӯр андохтани мардум бартараф мекарданд. Ҳангоме ки ба хона омада, ба Ҳайдар Қосимов носазо мегуфтанд, вай онҳоро сарзаниш мекард, ки чаро дар миёни мардум дасисакорӣ мекунед?? “Мо ҳама як миллатем, тоҷикем, гурӯҳбозиву маҳалбозӣ накунед!!! Роҳбарони шумо киҳоянд???”, – мегуфт ӯ. Маҳз баъди чунин суханҳо ӯро бурданд.
— Онҳо мансуб ба кадом гурӯҳҳо буданд?
— Онҳо шахсиятҳое буданд, ки медуздиданд, байни мардум тухми нифоқ мекоштанд, тинҷию амонии миллатро намехостанд. Онҳо террористу авбошони ҲНИТ буданд. Барояшон фарқ надошт, ки тоҷик, ӯзбек ё афғон аст, барои манфиати шахсии худ ба ҳама кор қодир буданд. Фикр мекунам, ки онҳо зархариди хориҷиҳо буданд. Ҳеҷ гоҳ тоҷике, ки миллат ва ватанашро дӯст медорад, чунин корро намекунад. Ҳайдар Қосимов ҳамон шабу рӯз 71 — сола буд. На даъвои вазифа дошт, на даъвои бойигарӣ. Ӯ қурбони бозиҳои сиёсӣ, қурбони муллоҳо, қурбони наҳзатиён шуд. Чандин олимони забардасти тоҷикро дар ҷанг барқасдона куштанд, ба хотири иғво андохтан. Яъне бо қатли Ҳайдар Қосимов мардуми қаротегиниро ба истилоҳ «алов» монданд, хостанд зидди мардуми хатлонзамин бишӯронанд. Мақсади аслиашон мардумони ду минтақаро бар зидди ҳам шӯрондан ва Тоҷикистонро ба коми оташ кашидан буд.
Имрӯз ҳам ҲНИТ, ки дар қатлу куштори чеҳраҳои намоёни таърихӣ даст дошт, талоши бесубот кардани вазъи кишварро мекунанд. Гузашти вақт нишон дод, ки ҳамаи онҳо зархариди кишварҳои дигар буданд. Онҳо ҳанӯз дар замони Иттиҳоди Шӯравӣ ба таври махфиёна ҳизби худро таъсис дода, ба вайрон кардани мафкураи мардум оғоз карда буданд. Фаъолони ин ҳизбу ҳаракатҳо дар хориҷа таҳсил дидаанд. Гирдиҳамоӣ ва кушторҳо дар солҳои 90 — ум аввал аз ҳаминҳо шурӯъ шуд. Ин ҳамаро кори дасти ҲНИТ ва сарпарастонаш мешуморам. Ислом дар қалб аст. Пуштибони ислом будан магар танҳо бо билети ҳизбӣ маълум мешавад?! Бо ҳар хел роҳҳо ба ин ҳизб одамонро ҷалб намуданд. “Бори каҷ ба манзил намерасад”, — мегӯянд, ки рост аст. Ин ҳамон бори каҷ буд, ки кулли мардум аз он даст кашид.
— Яъне, ишораи Шумо ба он аст, ки ҲНИТ дар саргаҳи он ҳама рӯйдодҳо буд?
— Бале. Дар ноҳияи Қумсангир ин ҳизб ҳамон замон нуфуз дошт. Солҳои ҷанги шаҳрвандӣ баъзе намояндагони ҳизби наҳзат дар тарки хоки диёр намудани тоҷикон алоқамандӣ нишон медоданд. Чуноне ки боло ишора кардам, намояндагони ин ҳизб мардумро ташвиқот мебурданд, ки ба он тарафи марз гузаранд. Мақсадашон он буд, ки шумораи ҳар чи бештари мардум ба он тараф гузаранд, барномаашон ин буд, ки норозиҳо аз давлату ҳукумат бисёр шаванд ва ҳамин тавр, барои бунёди давлати исломӣ замина бисозанд.
Дар Ҷайҳун зиёиён, омӯзгорони маҳаллӣ як навъ мухолифати идеологӣ нишон медоданд, ки мардум зиёд фирефтаи баъзе созмонҳои ифротӣ нашаванд. Ҳамон шабу рӯз шояд аз суст будани тафаккуру ҷаҳонбинии баъзе сокинони кишвар буд, ки ду-се нафари ба ном “мулло” мардумро саргаранг карданд, ки Давлати Исломӣ месозем. Дидем ҳамин Давлати исломиашонро. Фикр мекунам, ҳамин «ДИИШ»-и ҳозира баъзе ваҳшониятро маҳз аз наҳзатиҳои мо омӯхтааст. Ягон фарқияте байни инҳо намебинам! Гирдиҳамоӣ карданд, мардумро фиреб доданд, барои амалӣ сохтани мақсадҳои ғаразолудашон истифода бурданд.
Чӣ қадар аламовар аст, ки шахсиятҳои барҷастаи миллат, чун Ҳайдар Қосимов қурбонии дасисаҳои онҳо гаштанд.
Дар ҳамин ҷо, Зулматов Қобилҷон, раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати ноҳияи Ҷайҳун, ҳамзамон раиси кумитаи иҷроияи Ҳизби коммунисти Тоҷикистон дар ин ноҳия, ба суҳбати мо ҳамроҳ шуд.
— Ҳайдар Қосимов як чеҳраи сиёсӣ буд. Вақте ки дар ноҳияи Қумсангир котиби якуми кумитаи комсомол будам, ҷавонони ноҳия бисёр талаб мекарданд, ки бо Ҳайдар Қосимов як вохӯрӣ доир намоянд. Бо мусоидати роҳбарияти онвақтаи ноҳия бо Ҳайдар Қосимов дидору мулоқот оростем, ки он рӯз бароям хотирмон буд.
Бо Ҳайдар Қосимов пасон борҳо дар маркази вилоят вохӯрда ва ҳамкориҳо низ доштем. Дар давраҳои гурезагӣ бо ин кас дар ноҳияи Ҷайҳун вохӯрдем. Афсӯс, мақсади душманони миллат, ки ҳамин хел шахсиятҳои бузургро кушта, дар байни халқ ғавғои ҷангро хезондан буд, амалӣ шуд.
— Фикр мекунед, кори дасти кӣ буд?
— Душманони миллат. Онҳое, ки дар ниқоби оппозитсия зери “мусиқии хориҷиҳо мерақсиданд”. Инҳо ҳамин хел шахсиятҳо буданд. Ҳоло ҷойи шубҳа нест, ки асоси даргириҳои ҷанг дар Тоҷикистон ҲНИТ буд. Суоли ман ин аст, ки магар то рӯйи саҳнаи сиёсӣ омадани онҳо мардуми Тоҷикистон мусалмон набуданд?! Раҳбарону фаъолони ҲНИТ дар Эрону Покистон тарбият гирифтанд. Ҳадафи ниҳоияшон барҳам додани давлатдории мо буд. Ҳамин наҳзатиҳо дар ҳамаи он кашмакашҳое, ки аввали солҳои 90-ум дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вуқӯъ пайвастанд, даст доштанд. “70 сол ҳизби коммунист хурд, бурд, моро кофир кард, аз дин баровард!” гуфта, мардумро мешӯрониданд. Онҳо яроқ ба даст гирифта, халқи гумроҳро истифода бурданд. Магар дар давраи шӯравӣ нафаре, бубахшед, хатна нокарда оиладор шуд? Кӣ бе никоҳ оиладор мешуд ё кӣ беҷаноза ба хок супорида мешуд? Ин душманони миллат, рӯйирост мегуфтанд, ки мо «давлати исломӣ» месозем.
— Гуфтед, ки солҳои 90-ум дар ноҳияи Ҷайҳун кор мекардед. Дар он айём, ки вазъи сиёсӣ муътадил набуд ва шумори гурезаҳо рӯзафзун буд, то куҷо иҷрои масъулият дар идораи давлатӣ бароятон осон даст медод?
— Ёдам ҳаст, ки дар ноҳияи мо ҲНИТ штаб дошт. Он вақт директори совхози чорводорӣ будам. Мухолифин аз ҳамаи ташкилотҳо иҷборан пул меситониданд.
— Чаро маблағ талаб мекарданд?
— Рӯйирост мегуфтанд, ки мо бояд яроқ харем, мо бояд давлатро ба даст гирему сохти давлатдориро исломӣ кунем. Ба сармуҳосиб гуфтам, ки чӣ қадар пул дар суратҳисобамон бошад, ду-семоҳа маоши кормандонро пешпардохт намоед ва боқимондаашро ба ҳисоби заводҳое, ки қарздор ҳастем, гузаронед, то ба дасти наҳзатиҳо наафтад.
Дар Афғонистон ҳам ҲНИТ базаи худро таъсис дода буд. Мутмаинам, ки ҲНИТ давоми босмачигарии солҳои 1920-30 аст, ки муаллимро мекуштанд, зиёиро сар мебуриданд. Одамонеро, ки барои пешравии давлат кор мекарданд, мешикастанд. Босмачиҳо низ болшевикҳоро кофир мегуфтанд. Агар “кофир” мактаб месохт, роҳу кӯпрук бунёд мекард, бе пул таълиму тарбия медод, табобат мекард, чӣ кори хилофи ислом мекард?! Баръакс, ба ном “исломиҳо” харобкориҳо карданд, се муаллимаро дар Ҳоит ба дор овехтанд, роҳу пулҳоро вайрон карданд, зиёиёнро куштанд.
— Шумо дар ноҳияи Ҷайҳун раҳбарии созмони Ҳизби коммунистро ба уҳда доред. Бигӯед, ки ҲНИТ то расман баста шуданаш дар Тоҷикистон чӣ фаъолиятҳое дошт дар сатҳи маҳал?
— Конститутсияи кишвари мо фаъолияти озоди ҳизбҳои сиёсиро кафолат медиҳад. Ҳоло дар Тоҷикистон 7 ҳизб фаъолият доранд. Аммо Конститутсия иҷозат намедиҳад, ки ҳизбҳо бо роҳи нотинҷию кашмокашию куштору хунрезӣ ба сари қудрат бирасанд. Вақти роҳбарии созмони ҲКТ буданам дар ноҳия, аъзоёни ҳизби наҳзат омада фишор ва таҳдид намуданд, ки “аҳли оилаатро нест мекунем”, “билети партиявиатро то напартоӣ, ту мусалмон нестӣ!” ва монанди инҳо. Фикр мекунам Қаҳрамони СССР Ҳайдар Қосимовро низ барои он куштанд, ки на ҳамфикри онҳо балки муқобили онҳо, муқобили идеология ва ҳадафҳои зиддимиллии онҳо буд.
P.S. Ҳайдар Қосимов дар беш 1200 муҳорибаи хунини Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар солҳои 1941-1945 ширкат варзида, ҳайати шахсии воҳиди низомияш зиёда аз сад маротиба тағйир хӯрдаву ӯ танҳо зинда мондааст. Вай барои шикаст додани неруҳои алоҳидаи душман дар Берлин ва дигар хизматҳои шоёнаш соли 1957 бо нишони тиллоии «Қаҳрамони Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравии Сотсиалистӣ» қадр карда шудааст. Аммо соли 1993 ӯ, ки охирин Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ аз Тоҷикистон буд, дар 71-солагӣ, пас аз оташ зада шудани манзили зисташ дар ноҳияи Вахшу фирорӣ шудани хонаводааш ба ноҳияи Қумсангир, аз сӯйи размандагони бераҳми ҲНИТ ба қатл расидааст.
Баъд аз омода намудани мақола, яке аз муовинони сардори САМНИТ (созмони амнияти муҳоҷирони наҳзати исломии Тоҷикистон) Сайҷалол Сияҳаков дар мусоҳибаи тахассусияш ба рӯзномаи “Хатлон” изҳор дошт, ки Ҳайдар Қосимов аз ҷониби аъзои фаъоли ҲНИТ, яке аз бераҳмтарин размандагони ин ниҳод Мустафо (бо лақаби Мустафои наҳзатӣ), бо дастури хадамотҳои махсуси ҶИЭ, дар хатти сарҳади давлатӣ ба қатл расонда шудааст. Маконе, ки Ҳ.Қосимов кушта шудааст, он замон таҳти нуфузи “наҳзатиён” қарор дошт. Дертар, тахминан солҳои 1994 худи Мустафо ба ҳамсуҳбат лоф задааст, ки “Ҳайдар Қосими қаҳрамона” мурғворӣ куштам.”
Мусоҳиб
Носирҷон МАЪМУРЗОДА,
мухбири рӯзномаи «Хатлон»,
(Бознашр аз «Ҷумҳурият»,
14.11.2017 №: 232)