“ПАРЧАМАТ БОДО ПАРАФШОН, ЭЙ ВАТАН!”. Дар Душанбе ҷавонон роҳпаймоии идона барпо намуданд

Ноябрь 24, 2017 15:20

ДУШАНБЕ, 24.11.2017 /АМИТ «Ховар»/. Аз таҷрибаи давлатдории кишварҳои олам маълум мегардад, ки мардумони тамоми дунё муҳаббати хешро ба ватан маҳз тавассути рамзҳои он, аз ҷумла, Парчам ифода мекунанд. Парчами миллӣ ҳамчун рамзи давлатдорӣ маънои самимона дӯст доштани Ватани маҳбуб, арҷ гузоштан ба муқаддасоти он ва эҳтиром ба ҳар ваҷаб замину ҳар қатра оби зулоли он аст.

Бо ин мақсад ҷавонони аъзои ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар шаҳри Душанбе  бахшида ба  Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хиёбони марказии шаҳри Душанбе то Роҳи оҳани Тоҷикистон таҳти унвони «Парчамат бодо парафшон, эй Ватан”» роҳпаймоии   идона доир намуданд.

Пос доштани муқаддасоти миллӣ ва ифтихор аз онҳо вазифаи ҷонии  ҳар як ҷавон ба шумор меравад, зеро зиндагӣ дар зери ливои ваҳдату сулҳу субот ва парафшонии парчами давлати соҳибистиқлол барои миллати тоҷик бахту иқболи баланд ба шумор меравад.

Ноябрь 24, 2017 15:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад