«Парчами давлатӣ-рамзи ифтихори миллӣ»- барномаҳои оммавӣ ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатӣ дар Хуҷанд

Ноябрь 23, 2017 09:07

ХУҶАНД,  23.11.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар маркази вилояти  Суғд- шаҳри Хуҷанд баҳри сазовор ва дар сатҳи баланд таҷлил намудани Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои муайяни ташкилӣ ҷараён доранд.  Аз ҷумла, дар ин рӯз дар қаламрави шаҳр барномаҳои оммавӣ-сиёсӣ ва фарҳангӣ доир мегарданд.

Тавре ба АМИТ “Ховар” масъулини бахши идеологияи мақомоти шаҳри Хуҷанд иттилоъ доданд,  дар доираи ҳафтаи таҷлили  Рӯзи Парчам дар ҳамаи муассисаҳои таълимию фарҳангӣ, хосатан мактабҳои олӣ,  санъат ва касбию техникӣ, қисмҳои ҳарбӣ бо мақсади эҳтиром  ва қадршиносӣ ба муқаддасоти миллӣ   барномаҳои мухталиф, суҳбату вохӯриҳо ва конфронсҳои илмию назариявӣ  таҳти унвони «Парчами давлатӣ-рамзи ифтихори миллӣ»  ҷараён доранд.

Ҳамчунин гузаронидани Рӯзи ягонаи ахбори сиёсӣ дар мавзӯи  «Эҳтироми рамзҳои давлатӣ-эҳтироми миллат аст» дар кумитаи маҳаллаҳо, ташкилоту идораҳо, баргузории озмуни «Иншои беҳтарин»  дар мавзуи «Парчам-рамзи давлатдории миллист» пешбинӣ гардида, барои насб кардани парчам ва шиору   овезаҳо дар кӯчаву хиёбонҳои шаҳру   биноҳои маъмурӣ ва тадбирҳои идона дар маркази шаҳр бо иштироки фаъолон, сокинону меҳмонон ва неруи созандаи кишвар – ҷавонон корҳои амалӣ ба анҷом расида истодаанд.

Ноябрь 23, 2017 09:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад