«ПЕШВОИ МИЛЛАТ–ҚАҲРАМОНИ МИЛЛАТ АСТ!». Ҳамоишу чорабиниҳо дар вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳои ҷумҳурӣ бахшида ба 25-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ идома доранд

Ноябрь 18, 2017 12:46

ДУШАНБЕ, 18.11.2017. /АМИТ «Ховар»/. Таърихи халқи тоҷик саҳифаҳое дорад, ки бо ҳарфҳои заррин навишта шуда, дар сарнавишти миллати мо нақши ҳалкунанда гузоштаанд. Яке аз ин саҳифаҳои дурахшон Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки имрӯзҳо  25-умин солгарди  ин рӯйдоди муҳиму фараҳбахшро таҷлил менамоем. Воқеан ҳам барои таъмини ваҳдати миллӣ қадами нахустину устувор дар Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта шуд. Аҳамияти таърихии ин Иҷлосия интихоби Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд, ки имрӯз таърих интихоби оқилона будани онро исбот кард.

Дар робита ба баргузории ин иҷлосия имрӯзҳо дар вазорату идораҳо ҷамъомаду конфронс ва суҳбату ҳамоишҳо доир мешаванд. Мо ба таври мухтасар аз моҳияти онҳо хабар пешниҳод мекунем. Инак:

 Дар ҷамъомади тантанавие, ки дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати 25-умин солгарди Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ баргузор шуд, Вазири корҳои хориҷӣ Сироҷидин Аслов Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олиро «рӯзи эҳёи миллӣ ва оғози давлатсозӣ» номид.

Зикр шуд, ки интихоби Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси Раиси Шӯрои Олӣ ба маънои гузоштани хишти нахустини низоми давлатдорӣ ва ба вуҷуд овардани заминаи боэътимоди сулҳи минбаъда буд. Бо итминон метавон гуфт, ки ҳамаи комёбиҳои имрӯзаи мо аз ваҳдати миллӣ сарчашма гирифта, то баланд шудани обрӯву нуфузи кишварамон дар арсаи байналмилалӣ, бунёди шоҳроҳу пулҳо, сохтмони неругоҳҳо ва беҳбуди рӯзафзуни рӯзгори мардум аз Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ ва бар сари давлат омадани Эмомалӣ Раҳмон аст.

«Дар сар то сари кишварамон ин рӯзи таърихӣ ва сарнавиштсоз, ки барои мардуми шарафманди тоҷик фаромӯшнашаванда аст, мутантан ҷашн гирифта мешавад. Бо шукргузорӣ метавон гуфт, ки зиндагии бомаром, суботу оромӣ, пешрафт, шукуфоии кишвар — ин ҳама дарак аз сулҳу ваҳдат, якдиливу муттаҳидӣ дода, моро бори дигар водор месозад, ки бо садоқату самимият ба Сарвари давлат, дар ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, таҳкими суботу оромӣ ва мубориза бо ҷинояту ҷинояткорӣ ҳамчун ҳомии ҷасур ва сарсупурдаи Ватани хеш бошем»,-зикр шуд  дар ҷаласаи тантанавӣ бахшида ба 25-умин солгарди Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ, ки бо иштироки роҳбарияти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, меҳмонон ва ҳайати шахсии ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ доир гардид.

Дар Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон зимни ҷамъомади бошукӯҳ бахшида ба 25-солагии Иҷлосияи тақдирсози шонздаҳуми Шӯрои Олии Тоҷикистон бо иштироки 70 нафар намояндагони ҷавонони иттифоқҳои касабаи корхона ва муассисаҳои кишвар муовини аввали раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Нигора Назарова дар бораи нақши ҷавонон дар фаъолияти иттифоқҳои касаба баҳри ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои меҳнатӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии меҳнаткашон, татбиқи сиёсати Пешвои миллат ва эҳтиром арзишҳоли миллӣ сухан намуда, изҳор дошт, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ибтидои фаъолияти хеш ҳамчун Сарвари давлат бо такя ба неруи ҷавонон ин кишри ҷомеаро созандагони фардои дурахшон медонад.

Бахшида ба 25- солагии Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар  Қасри фарҳанги шаҳри Кӯлоб ҳамоиши идона баргузор шуд.

Дар ҳамоиш раиси шаҳри Кӯлоб Хайрулло Амонулло оид ба нақши созгор доштани  Иҷлосияи  сарнавиштсоз  дар таърихи давлатдории навини тоҷикон  сухан намуда, зикр кард, ки  Иҷлосияи 16 — уми Шӯрои Олии Ҷуҳурии Тоҷикистон ба миллат ва давлат роҳбари сазовору нотакрор туҳфа кард. Расидан ба ин рӯзҳои неки деринтизор маҳз тавассути талошҳо ва ҷонбозиҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифт ва мардум сарҷамъу давлат устувору пойдор гардид.

“Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба саҳифаҳои таърихи навини халқи тоҷик ҳамчун Иҷлосияи наҷотбахшу сарнавиштсоз ворид гардида, аз лиҳози моҳияти нақш ва қимати таърихӣ ба Эъломияи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон арзиши баробар дорад. Агар Эъломия давлатеро бо номи Тоҷикистони соҳибистиқлол эълон дошта бошад, пас Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати навбунёдро аз фитнаву парокандагӣ эмин нигоҳ дошта, миллати тоҷикро аз гирдоби ҷангу ҷидол, нобасомониҳо берун кашид». Ин матлабро  раиси ноҳияи Тоҷикобод Нодираи Маҳмадисо дар ҷамъомади идона ба  муносибати 25-умин солгарди Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз дошт.

Дар ҷамъомад зикр гардид, ки Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдири Ватану мардуми кишварро ба дасти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дод, ки ҷомеаи Тоҷикистонро ба ҳам оварда, сулҳу осоиш, истиқлолияту рукнҳои давлатдориро пойдор намуд.

 

Ноябрь 18, 2017 12:46

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАВСИЯИ МУТАХАССИС. Барои безарар ва хушсифат консерва намудани маҳсулот чӣ бояд кард?
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
Хоҷагиҳои кирмакпарварии ноҳияи Рашт истеҳсоли беш аз 16 тонна пиллаи хушсифатро ба нақша гирифтаанд
Иштирокдорони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо дар Қалъаи Ҳисор бо таърихи халқи тоҷик шинос шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 2 июн, душанбе, 153-юмин рӯзи соли 2025 аст
Ба муносибати Рӯзи умумиҷаҳонии ҳифзи муҳити зист дар Ҳисор аксияҳо гузаронида шуданд
Нақши Пешвои миллат дар ҳифзи сарчашмаҳои ҳаёт дар заминаи Истиқлол ва Ваҳдати миллӣ
Ба сокинони ноҳияи Шаҳринав 272 ҷойи кор пешниҳод карда шуд
Доир ба мавзуи навсозии сиёсати иҷтимоӣ дар Тоҷикистон конференсияи байналмилалӣ баргузор шуд
Лукас Эринсон аз Канада: «Дар Тоҷикистон дар як рӯз чор фасли солро мушоҳида намудам»
Дар Мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ношунавои ноҳияи Рӯдакӣ ҳамоиш доир шуд