Президенти Тоҷикистон: «Танҳо дар вилояти Суғд 5 корхонаи истеҳсоли семент ба фаъолият шурӯъ кардаанд»
ДУШАНБЕ, 16.11.2017 /АМИТ «Ховар»/. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни ифтитоҳи корхонаи металлургӣ дар шаҳри Истиқлол вилояти Суғдро дорои иқтидорҳои бузурги истеҳсолии саноати сабук ва хӯрокворӣ, сӯзишвориву энергетикӣ, истихроҷи маъдан, кимиё, электротехникӣ ва масолеҳи сохтмон номида, захираҳои бузурги маъдани нуқраву тилло, уран, сурбу руҳ, сурма, масолеҳи сохтмон, ангиштсанг, нафту газ, нуриҳои минералӣ ва монанди инҳоро яке аз омилҳои муҳими таъминкунандаи рушди иқтисодиёти вилоят шумориданд.
Зикр гардид, ки дар 9 моҳи соли 2017 суръати рушди соҳаи саноати вилоят 133 фоиз таъмин гардида, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ қариб ба 7 миллиард сомонӣ баробар шудааст.
Ҳамчунин дар ин давра дар конҳои ангишти вилоят беш аз як миллион тонна ангишт истихроҷ гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта қариб 300 ҳазор тонна зиёд мебошад.
Роҳбари давлат баён доштанд, ки тибқи нақша истеҳсоли семент дар вилоят то охири сол ба 900 ҳазор тонна мерасад ва қобили зикр аст, ки ҳоло содироти он ба кишварҳои хориҷӣ ба роҳ монда шудааст.
Бино ба маълумоти Пешвои миллат, соли 2011 ба вилоят аз хориҷи кишвар ба маблағи беш аз 270 миллион сомонӣ (31 миллион доллари амрикоӣ) 340 ҳазор тонна семент ворид гардидааст, вале дар 8 моҳи соли 2017 ҳамагӣ 75 ҳазор тонна семент ба маблағи 70 миллион сомонӣ (8 миллион доллари амрикоӣ) ворид шудааст, ки тақрибан чоруним баробар камтар аст.
Президенти кишвар аз даврони шӯравӣ, ки дар Тоҷикистон ҳамагӣ як корхонаи истеҳсоли семент бо иқтидори истеҳсолии як миллион тонна фаъолият мекард, ёдовар шуда, изҳор намуданд, ки ҳоло дар кишвари мо шумора ва иқтидори истеҳсолии чунин корхонаҳо афзун гардида, тайи солҳои охир танҳо дар вилояти Суғд 5 корхонаи семент ба фаъолият шурӯъ кардаанд.
Тибқи нақша соли ҷорӣ дар вилоят бояд 96 корхонаву коргоҳи нави саноатӣ таъсис дода шаванд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад






