«Рӯйдодҳои ҷаҳони муосир моро водор месозанд, ки ҳушёрӣ ва зиракии сиёсиро аз даст надиҳем» – чунин изҳор намуданд аъзои ҷавони ҲХДТ дар як ҳамоиш, ки дар Душанбе доир гардид
ДУШАНБЕ, 29.11.2017 /АМИТ «Ховар»/. «Рӯйдодҳои ҷаҳони муосир мо, ҷавононро ҳушдор медиҳанд, ки ҳушёрӣ ва зиракии сиёсиро аз даст надиҳем, зеро сулҳу ваҳдат барои мо бузургтарин неъмат ба ҳисоб меравад». Ин матлабро ҷавонон, аъзои фаъоли Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур зимни ҷамъомаде, ки ба рӯзи таъсиси ҲХДТ бахшида шуда буд, изҳор намуданд.
Тавре муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур Изатуллои Ҳабибзод ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз намуд, ҳамоиш имрӯз дар Коллеҷи омӯзгории ба номи Х. Махсумоваи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ таҳти унвони «Мактаби давлатдории Пешвои миллат» бо иштироки доираи васеи ҷавонон доир гардид.
Дар ҷамъомад раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур Зулфиқор Гулаҳмадзода зикр кард, ки «ҷавонон неруи бузурганд, дастгирию ҳавасмандгардониҳо ва дар қалби онҳо бедор намудани эҳсоси ватандорӣ вазифаи ҳар яки мо ба шумор меравад. Ин кафолати босуботи рушди кишвар шуда метавонад. Ба ин хотир бояд ҳар як ҷавон донад, ки бунёди ҷомеаи демократӣ ва раванди демократикунонии ҷомеа бе иштироки онҳо ғайриимкон аст ва онҳо бояд дар ҳаёти сиёсии кишвар саҳми назаррас дошта бошанд».
Ҳамзамон аз ҷониби иштирокдорон дар мавзӯъҳои «Мактаби давлатдории Пешвои миллат» ва «Ҷавонон- неруи бузурги бунёдкор ва пешбарандаи ҷомеаи Тоҷикистон» маърӯзаҳо шунида шуданд. Зикр гардид, ки Эмомалӣ Раҳмон на фақат асосгузори сулҳу ваҳдат, балки асосгузори мактаби давлатдории миллӣ ва эҳёгари суннатҳои давлатдории азёдрафтаи бостонии миллати тоҷиканд.
Таҷрибаи бузурги дар самти давлатдорӣ ҳосилкардаи Эмомалӣ Раҳмон, ки эҳёи хотираи маҳвшудаи ҳукмронии сиёсии миллати куҳанбунёду соҳибдавлати мост, дар хазинаи методологияи давлатдории тоҷикон ҳамчун дастоварди бисёр арзишманд ва бебаҳои сиёсӣ ба хотири корбурди амаливу назарӣ ва андӯхти таҷрибаи ояндагон ба мерос хоҳад монд.
Дар охир ҷавонони шаҳраку маҳаллаҳои ноҳия, ихтиёриён ва аъзои фаъоли ТҶҶ «Созандагони Ватан», ки дар чорабиниҳои сиёсиву фарҳангии Соли ҷавонон саҳми худро гузоштаанд, бо Сипоснома ва мукофотпулӣ қадрдонӣ шуданд.










НИШОНИ ҶАВОНМАРДӢ. Дар ҳошияи асари сиёсатшинос, сиёсатмадор, олим ва адиби нуктасанҷ Саймумин Ятимов
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба татбиқи технологияҳои рақамӣ дар низоми логистикӣ машварат доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии ҳарбӣ- варзишии «Ватанпарвар» доир гардид
«Одамон. Идеяҳо. Ҳаракат». Дар Душанбе нахустин форуми таҷрибаҳои идоракунӣ баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
ТАЪСИРИ ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ БА РУҲИЯИ КӮДАКОН. Ва ё «оҳанро дар гармияш бояд кӯфт»
Соли 2025 шаҳрвандон ва соҳибкорон беш аз 6 миллион амалиёти ғайринақдиро анҷом доданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
ҒИЗОИ СОЛИМ. Чӣ тавр аз лӯбиё таом ва ё хӯриш омода намоем?
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
ФУТБОЛ. Дастаҳои асосӣ ва ҷавонони «Вахш» бо медалҳои нуқра ва биринҷӣ мукофотонида шуданд






