Рӯзи Президент рамзи эҳтиром, эътиқод ва сипосгузорӣ ба хизматҳои Пешвои миллат ҳамчун шахсияти сулҳофару бобаракат мебошад

Ноябрь 14, 2017 10:44

ДУШАНБЕ, 14.11.2017. /АМИТ «Ховар»/.  Рӯзи  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон-иди бузурги умумимиллӣ, тантанаи волоияти қонун ва  маҳбубияти  хоссае  мебошад, ки дар ин рӯз  сипосгузорӣ  намудан  ба  хизматҳои   Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат,  Президенти  кишвар  Эмомалӣ  Раҳмон  ҳамчун  шахсияти сулҳофару бобаракат боиси дастгирист.

Бояд зикр намуд, ки имрӯз дар  Тоҷикистони азизи мо   ҷашнҳои  гуногун  ва  барномаҳои   фарҳангию  сиёсӣ  бо  рамзу анъана ва суннатҳои  миллӣ  хеле зиёд  муаррифӣ  мегарданд  ва  мардум онҳоро  бо  шодию сурур ва  ифтихормандиҳо   истиқбол мегиранд. Дар баробари самимияту  эҳтироми хосса ва арҷгузориҳо ба Рӯзи  Президент, ки  дар тамоми қаламрави  Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад,  ин  чорабинии  сиёсӣ  боз   иқдоми накӯест, ки  барои  қадршиносӣ ва  заҳматҳои Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ҳамчун Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат ва  вориси тоҷикони ҷаҳон   муҳимияти  хосса дорад.

Маълум аст, ки  дар демократияи  низоми президентӣ тақсимоти ҳокимият ба шохаҳои қонунгузор ва иҷроия ба таври равшан ба назар мерасад. Аломати асосии фарқкунандаи чунин  низом  он аст, ки  Президент дар он шахсияти номиналии дорои ваколатҳои маҳдуд нест, балки вай сарвари ҳукумат аст. Яъне,  Президент сардори давлат ва ҳокимияти иҷроия аст ва аз ҷониби шаҳрвандони ҷумҳурӣ ба тарзи умумӣ, мустақим, баробар ва бо овоздиҳии пинҳонӣ  интихоб мешавад. Аз ин рӯ,  мо   Рӯзи Президентро  бо самимияту  эҳтиром ва ғурури баланди миллӣ  ҳамчун  рӯзи  адолату  демократикунонии ҷомеа   пешвоз гирифта, тамоми  дастовардҳои  замони идоракунии президентиро  ба  истиқлолияти  давлатӣ ва   иқдомҳои  неки  Президенти  кишвар  вобаста медонем.

Хизматҳои  шоёни  муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон ҳамчун  Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон    дар   раванди тағйироти  нави  бунёдкориву  созандагӣ,  аз ҷумла,  бунёди неругоҳҳои барқӣ, кушодану васли роҳу нақбҳо, бедору  ғанӣ гардонидани  ифтихори  миллӣ, вусъат бахшидан  ба вазъи таълиму тарбия ва тандурустӣ ҷойгоҳи махсус дорад. Дар баробари ин, Президенти кишвар дар иншои   асарҳои  гуногуни таърихиву фарҳангии миллат ва  зиндаву  ҷовид  гардонидани   чеҳраҳои мондагори   илмию адабӣ, қаҳрамонони миллат  ва сарнавишти  мардуми тоҷик ҳусни тафоҳум бахшида,  бо  пешниҳоду   ташаббусҳои байналмилалӣ  дар сатҳи  ҷаҳонӣ  мақоми  хосса дорад, ки ин маҳбубият  на танҳо  боиси боварию  эътиқоди мардуми Тоҷикистон, балки ифтихори  тамоми  тоҷикони  ҷаҳон аст.

Бинобар ин   мардуми Тоҷикистон  Рӯзи Президентро ҳамчун иди бузурги миллӣ  ва рамзи  эҳтирому эътиқод  эътироф  намуда, маҳбубияту  шукргузории   хешро дар ин рӯз  ба  Президенти кишвар ва ояндаи дурахшони  Тоҷикистон самимона   изҳор  менамоянд.

Бояд тазаккур дод, ки хусусияти беҳамтои инсон аз соири мавҷудоти зинда аз он иборат аст, ки ӯ ҳамеша бо мурури қонеъсозии талаботаш андешаи шукргузор буданро аз саодати рӯзгору зиндагии имрӯзааш ба хотири боз ҳам беҳтар шудани ҳаёти ояндааш фаромӯш намекунад. Маҳз ҳамин сифат ӯро дар маърази эҳтироми инсонҳо ва наслҳои гуногун  қарор медиҳад ва барояш дар ҷодаи бунёди  зиндагии фаровону саодатмандона мувафаққиятҳо ба бор меорад.

Насле, ки аз чунин эҳсосоту тафаккур бенасиб аст ё аз касби он канораҷӯӣ  мекунад, тӯли таърих ҳамеша бо шикасту дастнигарӣ рӯ ба рӯ мегардад.

Бояд гуфт, ки Тоҷикистони азиз ҳамеша сазовори шукр ва  эҳсон аст, ки  ба  абармардону фарзандони бо ору номусаш, ки  қобилияти маърифатии  хеле баланд доранд, бояд  таҳсину  шукрона  хонд.

 

                                                       Абдураҳмон МУҲАММАД,

профессор

Ноябрь 14, 2017 10:44

Хабарҳои дигари ин бахш

НИШОНИ ҶАВОНМАРДӢ. Дар ҳошияи асари сиёсатшинос, сиёсатмадор, олим ва адиби нуктасанҷ Саймумин Ятимов
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба татбиқи технологияҳои рақамӣ дар низоми логистикӣ машварат доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии ҳарбӣ- варзишии «Ватанпарвар» доир гардид
«Одамон. Идеяҳо. Ҳаракат». Дар Душанбе нахустин форуми таҷрибаҳои идоракунӣ баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
ТАЪСИРИ ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ БА РУҲИЯИ КӮДАКОН. Ва ё «оҳанро дар гармияш бояд кӯфт»
Соли 2025 шаҳрвандон ва соҳибкорон беш аз 6 миллион амалиёти ғайринақдиро анҷом доданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
ҒИЗОИ СОЛИМ. Чӣ тавр аз лӯбиё таом ва ё хӯриш омода намоем?
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
ФУТБОЛ. Дастаҳои асосӣ ва ҷавонони «Вахш» бо медалҳои нуқра ва биринҷӣ мукофотонида шуданд