Сомнатҳ Гош: «ITEC идомаи ҳамкории муштараки Тоҷикистону Ҳиндустон аст»

Ноябрь 7, 2017 16:59

ДУШАНБЕ, 07.11.2017 /АМИТ «Ховар»/. Беш аз 200  нафар мутахассисони тоҷик, ки курсҳои таълимии ITEC-  (Indian Technical and Economic Cooperation) Барномаи ҳамкории иқтисодию техникии Ҳиндустонро гузаштаанд,  дар ҳамоише, ки ба ифтихори Рӯзи ITEC  дар  Маркази фарҳангии Ҳиндустон дар Душанбе доир гардид, ширкат намуданд.

Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Сомнатҳ Гош мутахассисони тоҷикро ба Рӯзи ITEC  табрик намуда, гуфт, ки шурӯъ аз оғози барномаи мазкур беш аз 1400 нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон курсҳои махсуси омӯзиширо дар бахшҳои идоракунӣ, технологияи иттилоотӣ, забони англисӣ, рушди соҳибкорӣ, рушди деҳот, сайёҳӣ, энергияи барқароршаванда ва ғайра дар доираи Барномаи ITEC гузаштанд. Бо дахли ҳамкории гуногунсоҳаи Тоҷикистону Ҳиндустон дипломати ҳинд зикр кард, ки Тоҷикистону Ҳиндустонро аз қаъри  асрҳо  фарҳангу анъанаҳои муштарак бо ҳам мепайванданд ва дар замони муосир ба роҳ мондани омӯзиши мутахассисони тоҷик дар доираи барномаи  ITEC идомаи ҳамкории муштараки илмию фарҳангии ду кишвар аст.

Ҳамзамон Сафири  Ҳиндустон зикр кард, ки Ҳукумати Ҳиндустон ҳамчунин 25 стипендия барои  мактабҳои олии Тоҷикистон ҷудо кардааст, ки алҳол 17 донишҷӯи тоҷик дар доираи ин барнома дар донишгоҳҳои Ҳиндустон таҳсил доранд.

Инчунин дар ҳамоиш мутахассисони тоҷик, ки дар доираи Барномаи  ITEC дар Ҳиндустон курсҳои махсуси омӯзиширо гузаштаанд, таассуроти худро доир ба сатҳи таҳсил ва бозомӯзӣ дар доираи ин барнома баён карда, ба он  баҳои баланд доданд.

Таъкид гардид, ки Барномаи ITEC  на танҳо  барномаи таълимӣ, балки  замина дар самти таҳкими равобити дӯстӣ мебошад, зеро он мутахассисони гуногунсоҳаро аз қораҳои  мухталифи дунё- Осиё, Африқо ва Амрикои Лотин бо ҳам ҷамъ оварда,  муттаҳид месозад.

Дар анҷоми ҳамоиш аз ҷониби дастпарварони Маркази фарҳангии Ҳиндустон дар Душанбе  барномаи консертӣ, ки аз суруду тарона ва рақсҳои ҷаззоби тоҷикию ҳиндӣ иборат буд,  пешкаши иштирокдорон гардонида шуд.

 

Ноябрь 7, 2017 16:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад