Таърихи ибратбахш. Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ барои ба даст овардани истиқлолияти воқеӣ дар Тоҷикистон асос гузошт

Ноябрь 15, 2017 11:23

«Маҳз ба шарофати ин рӯйдоди муҳими таърихӣ- баргузории Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мо тавонистем, ки аркони давлатдорӣ ва шохаҳои фалаҷшудаи ҳокимиятро дар мамлакат барқарор гардонида, пояҳои Истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро қавӣ намоем. Муҳимтар аз ҳама ин аст, ки дар Ватани азизамон ваҳдати миллӣ, сулҳи пойдору суботи сиёсиву иҷтимоӣ ва фазои озоди бунёдкориву созандагӣ фароҳам оварда шуд».

 Эмомалӣ Раҳмон

ДУШАНБЕ, 15.11.2017 /АМИТ «Ховар»/. 16 ноябри соли 1992 дар Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанд Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки он барои ба даст овардани истиқлолияти воқеӣ дар Тоҷикистон асос гузошт. Ҳоло  аз баргузории  Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 25 сол сипарӣ шуд, ки инро метавон фурсати муносиби муаррифии халқи  тоҷик дар арсаи олам ном бурд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» роҳбари дастгоҳи Кумитаи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Абдураҳмон Хонзода иброз дошт, Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  барои хотима бахшидан ба ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон заминаи мусоид гузошт.

Имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арафаи таҷлили 25-умин солгарди Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад. Ин мояи ифтихори ҳар як тоҷику тоҷикистониест, ки  дар фазои орому осуда умр ба сар мебарад.

Ба гуфтаи  Абдураҳмон Хонзода, таърихи Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мардуми Тоҷикистон ибратбахш мебошад.  Тоҷикистон дар байни давлатҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ягона кишваре буд, ки баъди ба даст овардани истиқлолият ба вартаи ҷанги ҳамватанӣ кашида шуд ва дар кишвар ноамниву бесуботӣ ба вуҷуд омад. Дар ҳамон шабу рӯз мардумро рӯҳияи яъсу ноумедӣ  фаро гирифта буд. Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанд доир шуд, дигаргунӣ ва таҳаввулоти ҷиддиро ба миён оварда, анҷоми даврони беҳокимиятӣ дар кишвар гардид. Дар Иҷлосия  аз ҷониби вакилони  Шӯрои Олӣ ба ҳайси роҳбари кишвар ва Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод ва интихоб карда шуд, ки ин бузургтарин дастовард ва муваффақияти миллати тоҷик ба ҳисоб меравад.

«Таърих дар шахсияти Эмомалӣ Раҳмон роҳбареро ба саҳнаи сиёсат овард, ки бо дилу нияти пок аз рӯзҳои нахустини роҳбарӣ тамоми талошу кӯшиш ва заҳмати худро барои поён бахшидани ҷанги шаҳрвандӣ, таҳкими сулҳу субот ва ваҳдати миллати тоҷик равона намуда, баъди ҷонбозиҳо ба он муваффақ гардид. Дар давраҳои ҳассоси  таърихӣ, ки хатари аз байн рафтани давлату миллат ба миён омад, ба Тоҷикистон  сарвари сиёсие лозим буд, ки ҳарчи зудтар пеши роҳи ҷанги пурфоҷеа ва даҳшатбори шаҳрвандиро гирад ва миллатро аз нобудӣ  раҳоӣ бахшад»,- иброз дошт роҳбари дастгоҳи Кумитаи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон.

Президенти кишвар ба гуфтаҳо ва қавлу қасами худ вафодор монданд  ва собит намуданд, ки воқеан ҳам роҳбаре ҳастанд, ки тамоми фаъолияташон ҷавобгӯӣ ниёзи мардуми Тоҷикистон аст. Бояд гуфт, ки аз баракати Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мо зина ба зина ба сулҳу амният расидем ва ин заминаи боэътимоде барои  бастани Созшномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ миёни тоҷикон  гардид.

Имрӯз ҷомеаи байналмилалӣ  Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун кишвари дар ҳоли рушд шинохта, эътироф мекунад. Соле қабл Бонки ҷаҳонӣ рейтинги кишварҳоеро, ки барои иқтисод замина мегузоранд, тартиб дода, Тоҷикистонро дар он  миёни беш аз 200 кишвари дунё дар қатори 10 кишвари ислоҳотгар ҷой дод. Ҳамчунин Созмони Геллап зимни назарсанҷии худ соли 2016 Ҷумҳурии Тоҷикистонро амнтарин кишвар дар ҷаҳон номид.

«Мояи ифтихори ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон аст, ки чунин Роҳбари тавоно дорад ва ӯ тавонистааст кишварро аз вартаи нобудӣ раҳоӣ бахшида, онро ба давлати пешрафта ва дар ҳоли рушд табдил  диҳад»,- иброз намуд роҳбари дастгоҳи Кумитаи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Абдураҳмон Хонзода.

Ноябрь 15, 2017 11:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Хоҷагиҳои кирмакпарварии ноҳияи Рашт истеҳсоли беш аз 16 тонна пиллаи хушсифатро ба нақша гирифтаанд
Иштирокдорони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо дар Қалъаи Ҳисор бо таърихи халқи тоҷик шинос шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 2 июн, душанбе, 153-юмин рӯзи соли 2025 аст
Ба муносибати Рӯзи умумиҷаҳонии ҳифзи муҳити зист дар Ҳисор аксияҳо гузаронида шуданд
Нақши Пешвои миллат дар ҳифзи сарчашмаҳои ҳаёт дар заминаи Истиқлол ва Ваҳдати миллӣ
Ба сокинони ноҳияи Шаҳринав 272 ҷойи кор пешниҳод карда шуд
Доир ба мавзуи навсозии сиёсати иҷтимоӣ дар Тоҷикистон конференсияи байналмилалӣ баргузор шуд
Лукас Эринсон аз Канада: «Дар Тоҷикистон дар як рӯз чор фасли солро мушоҳида намудам»
Дар Мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ношунавои ноҳияи Рӯдакӣ ҳамоиш доир шуд
Академияи идоракунии давлатии Тоҷикистон ва Академияи таърихи Чин робитаҳои илмӣ ва фарҳангиро густариш медиҳанд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад