ВКД ХАБАР МЕДИҲАД…
ДУШАНБЕ, 10.11.2017 /АМИТ «Ховар»/. Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамарӯза аз ҳолатҳои нохуши садамаҳои нақлиётӣ, дуздию қаллобӣ, ба ҳалокат расидани шаҳрвандон бар асари беэҳтиётӣ ва қасдан расонидани зарари ҷисмонӣ ба саломатӣ хабарҳо нашр мекунад. Ба манзури хавфи иҷтимоии ин ҳолатҳо, ҳушдори одамон ҷиҳати ҳушёрию зиракӣ ва пешгирии ҳодисаҳои нохуш мо чанде аз ин хабарҳоро бознашр мекунем.
Садамаи ҳалокатбор
7 ноябри соли равон, тахминан соати 19:30, ронандаи мошини тамғаи «Опел-Астра», Миралӣ Боев, соли таваллудаш 1986, сокини деҳаи Гулзори шаҳри Ваҳдат, ҳангоми ҳаракат дар роҳи нақлиётгарди «Ваҳдат-Ромит», дар ҳудуди деҳаи Тангаӣ аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард Забиров Бобишо, соли таваллудаш 1965, сокини шаҳри мазкурро пахш намудааст.
Дар натиҷа пиёдагард Б. Забиров ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Бо роҳи фиреб аз худ намудани мошин
Ба мақомоти корҳои дохилӣ марди 29-солаи сокини шаҳри Душанбе муроҷиат намудааст, ки марди 35-солаи сокини пойтахт бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ мошини шахсиаш- тамғаи «БМВ»-ро, ки арзишаш 140 ҳазору 800 сомониро ташкил медиҳад, гирифта, маблағашро то ҳол барнагардонидааст.
Гумонбаршуда аз ҷониби кормандони милитсия дастгир гардида, оид ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, тафтишот идома дорад.
Ҳалокати ронанда дар натиҷаи чаппа шудани мошин
Ҳамчунин 8 ноябри соли равон тахминан соати 08:10, ронандаи мошини тамғаи «МАЗ», Оқилшоҳ Давлатқадамов, соли таваллудаш 1982, сокини ноҳияи Роштқалъа, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Душанбе ба самти шаҳри Кӯлоб, дар роҳи нақлиётгарди ҷамоати деҳоти Гулистон, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, мошинро чаппа кардааст.
Дар натиҷа ронанда О. Давлатқадамов ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Ин ҳодисаҳо мавриди таҳқиқ қарор доранд.
Зани қаллоб боз даст ба ҷиноят зад
Ба мақомоти корҳои дохилӣ марди 59-солаи сокини шаҳри Турсунзода муроҷиат намудааст, ки соли 2012 зани 41-солаи сокини шаҳри Ваҳдат, ки пеш бо моддаи 247 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 11000 доллари амрикоӣ гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст.
Номбурда аз ҷониби кормандони милитсия дастгир гардида, нисбат ба ин далел парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, тафтишот идома дорад.
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад






