ВКД ХАБАР МЕДИҲАД…

Ноябрь 14, 2017 11:14

ДУШАНБЕ, 14.11.2017 /АМИТ «Ховар»/. Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамарӯза аз ҳолатҳои нохуши садамаҳои нақлиётӣ, дуздию қаллобӣ, ба ҳалокат расидани шаҳрвандон бар асари беэҳтиётӣ ва қасдан расонидани зарари ҷисмонӣ ба саломатӣ хабарҳо нашр мекунад. Ба манзури хавфи иҷтимоии ин ҳолатҳо, ҳушдори одамон ҷиҳати ҳушёрию зиракӣ ва  пешгирии ҳодисаҳои нохуш мо чанде аз ин хабарҳоро бознашр мекунем.

Қаллобӣ дар ҳаҷми махсусан калон

Ба ШВКД дар ноҳияи И.Сомонӣ зани 60-солаи сокини  шаҳри Душанбе бо ариза дар он хусус муроҷиат намудааст, ки моҳи апрели соли 2016, марди 26-солаи сокини ноҳияи Вахш бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 390 ҳазору 560 сомонӣ гирифта, ваъда додааст, ки барояш манзили истиқоматӣ ва 1 адад мошини тамғаи «Мерседес-Бенс» дастрас менамояд, аммо маблағашро то ҳол барнагардонидааст.

Айни замон гумонбаршуда дар ҳабси пешакӣ қарор дошта, тафтиши ин қазия идома дорад.

Мусодираи шираи камол аз дохили нақлиёт

 Ҳангоми доир намудани корҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони милитсия марди 28-солаи сокини ноҳияи Ҳисорро бо гумони муомилоти ғайриқонунии шираи камол дастгир намуданд.

Зимни азназаргузаронии мошини шахсии гумонбаршуда аз дохили бағоҷаш 24 адад зарфҳои пластмассӣ дарёфт ва мусодира карда шуд.
Мувофиқи маълумотномаи Раёсати хадамоти фаъолияти фармасевтии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар дохили зарфҳои дарёфтшуда маводи шираи камол ҷойгир буда, вазни холисаш 472 килограмму 09-граммро ташкил дод.

Ошкор шудани ҳолатҳои дуздӣ дар ноҳияи Варзоб

Ба ШВКД дар ноҳияи Варзоб зани 43-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки рӯзи 4 октябри соли ҷорӣ, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ вориди хонаи истиқоматиаш шуда, аз он ҷо 1 адад балони газ, 1 адад гарданбанди нуқрагӣ, 3 корти пластикӣ, ки дар дохилашон 2000 сомонӣ доштаанд, ба маблағи 2660 сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.

Ҳамчунин бо ҳамин мазмун марди 37-солаи сокини деҳаи Пуғуси ноҳияи Варзоб ба мақомоти милитсия муроҷиат намудааст, ки 20 октябри соли равон, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ вориди хонаи истиқоматиаш шуда, аз он ҷо 2 адад телевизор, ки маблағи умумиашон 8400 сомониро ташкил медиҳад, дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Кормандони милитсия марди 34-солаи сокини ноҳияи Варзобро ҳамчун гумонбар дар содир намудани ин ҷиноятҳои дуздӣ дастгир намуданд.

 Пахш намудани пиёдагард аз ҷониби ронанда

 Ронандаи мошини тамғаи «Опел-Астра» Раҳмиддин Гирдаков, соли таваллудаш 1960, сокини ноҳияи Рӯдакӣ, ҳангоми ҳаракат аз шаҳри Ваҳдат ба самти ноҳияи Файзобод, дар роҳи нақлиётгарди деҳаи Андигон аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагардон: Раҳимов Муқимҷон Ҳусейнович, соли таваллудаш 1983 ва Латифов Табаралӣ, сокинони деҳаи Андигони шаҳри Ваҳдатро пахш намудааст.

Дар натиҷа пиёдагард Т. Латифов бо бардоштани ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида, М. Раҳимов дар беморхона қарор дорад.

Авбошӣ бо истифода аз корд

Ноболиғи 17-сола бо бародаронаш, ҷавонони 29 ва 32-солаи сокинони ҷамоати деҳоти Навободи ноҳияи Рӯдакӣ ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти авбошӣ дастгир карда шуданд.

Гумонбаршудагон 11 ноябри соли равон, дар ҷамоати Навободи ноҳияи мазкур тартиботи ҷамъиятиро вайрон намуда, бо шаҳрвандон: ҷавони 25-сола ва ду нафар марди 32-солаи сокинони ноҳияи Рӯдакӣ ҷанҷол карда, бо корд 1-маротибагӣ ба аъзои бадани онҳо задаанд.

Дар натиҷа ҷавони 25-сола ва ду нафар марди 32-сола ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гаштаанд.

Зарангези Латиф

АМИТ «Ховар»

Ноябрь 14, 2017 11:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«Ибни Сино ва Абубакри Розӣ — нобиғаҳои тамаддуни башарӣ». Дар Душанбе таҳти ин унвон ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе Ҷаласаи Комиссияи байнидавлатӣ оид ба рушди устувори кишварҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон конференсияи илмӣ-назариявӣ баргузор шуд
Дар Суди конститутсионии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Конститутсия маҷлиси тантанавӣ доир гардид
Дар Агентии ҳифзи меъроси таърихию фарҳангӣ 31-солагии Конститутсияи Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Душанбе чорабинии фарҳангӣ ба ифтихори Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
КОНСТИТУТСИЯ — ИНЪИКОСКУНАНДАИ СУННАТҲОИ ПУРҒАНОВАТИ ХАЛҚИ ТОҶИК. Андешаҳои ҳуқуқшинос Исмоил Абдуалимзода оид ба ҷанбаҳои таърихии ин санад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар ноҳияи Данғара ҳамоиши идона доир шуд
Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ дар ҳошияи иштироки Президенти Тоҷикистон дар Саммити СММ ҳамоиши илмӣ баргузор шуд