Водии Рашт дорои иқтидори бойи сайёҳӣ буда, метавонад дар рушди туризми экологӣ саҳми арзанда гузорад

Ноябрь 22, 2017 15:20

ДУШАНБЕ, 22.11.2017 /АМИТ «Ховар»/. Водии Рашт дар муқоиса бо Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ё Боми ҷаҳон ва Зарафшон ҷавҳари кашфношударо мемонад, ки дорои иқтидори бойи сайёҳӣ буда, дар оянда метавонад барои рушди сайёҳии экологӣ ва таърихию фарҳангӣ саҳми арзанда гузорад. Ин матлаб зимни баргузории семинар оид ба рушди сайёҳии экологӣ, ки имрӯз дар ин минтақа ҷараён дорад, аз ҷониби иштирокдорони он таъкид гардид.

Тавре корманди Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдукарим Қурбонов ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, семинар бо мақсади беҳдошти  сифати зиндагии аҳолии минтақаҳои дурдасти ҷумҳурӣ баргузор гардида, дар ҷараёни он роҳҳои рушди сайёҳии минтақаи Рашт аз ҷониби масъулини соҳа якҷо бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва идораҳои дахлдори минтақа мавриди баррасӣ қарор мегирад.

Ҳамзамон зикр гардид, ки иқтидори иқтисодии сайёҳии экологӣ дар ноҳияи Рашт воқеан бе маҳдуд буда, вале барои ташаккул ва рушди он маблағгузории муайян ва хароҷоти мақсаднок зарур мебошад.

Ноҳия дар иқлиме ҷойгир мебошад, ки чор фасли сол дар он бо ҳастии хос ба мушоҳида мерасанд. Дар ноҳия дараҳои хушманзару овозадори Камароб, Ясман, Қалъанак, Ҳоит ва даҳҳо дараҳои дигари хурду миёна мавҷуданд, ки дар сурати таблиғоти дуруст диққати сайёҳони зиёдеро ба тамошои онҳо ҷалб намудан мумкин аст.

Ба иттилои манбаъ, дар доираи он масъулини соҳа аз имкониятҳои сайёҳии ноҳияи Рашт, аз ҷумла, ҳомстей, фаъолияти ташкилоти ҷамъиятии «Дастони моҳир» ва Осорхонаи “Кӯҳсори аҷам” дидан намуданд.

Дар кори семинар намояндагони Кумитаи рушди сайёҳӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт, ширкатҳои сайёҳӣ, соҳибкорон ва мақомоти дахлдор иштирок доранд ва он то бегоҳ идома меёбад.

Бояд зикр намуд, ки баргузории чунин чорабиниҳо ва татбиқи самараноки Барнома ба болоравии ҷалби маҳсулоти сайёҳии маҳаллӣ расонида, барои воридшавии ноҳияи Рашт ба низоми бозори хизматрасониҳои сайёҳӣ мусоидат менамояд.

Ноябрь 22, 2017 15:20

Хабарҳои дигари ин бахш

16 бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ таъмир гардид
Интернети бештар ва рақами қиматбаҳо: фоидаи тарофаҳои пешпардохтӣ дар чист?
Оид ба таъмини рушди устувори соҳаи кишоварзӣ дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Дар Бадахшон беш аз 300 нафар ҳунарманд фаъолият мекунад
Дар Искандаркӯл ба бунёди меҳмонхона ва иншооти муосири сайёҳӣ санги асос гузошта шуд
Азхуд намудани донишҳои замонавӣ беҳтарин роҳ бар зидди ҷаҳолату хурофот аст. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба хазинаи Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон 400 нусха китоб тақдим намуд
Намояндагони воситаҳои ахбори омма бояд дар муаррифии дастовардҳои Тоҷикистон нақши муассир дошта бошанд
ҶОЙГОҲИ ТОҶИКИСТОН ДАР САҲНАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши барф дар назар аст