«Ӯзбекистон ҳаво йулларӣ» арзиши чиптаро дар хатсайри Тошканд-Душанбе-Тошканд арзон кард

Ноябрь 22, 2017 11:12

ДУШАНБЕ, 22.11.2017 /АМИТ «Ховар»/. Ширкати   ҳавонавардии миллии Ӯзбекистон «Ӯзбекистон ҳаво йулларӣ»  арзиши  чиптаҳои ҳавопайморо дар самти Душанбе – Тошканд то 200 сомонӣ арзон намуд. Дар ин хусус маркази матбуоти ширкати «Ӯзбекистон ҳаво йулларӣ» иттилоъ медиҳад. Дар ин росто минбаъд сокинони ду кишвари ҳамҷавор –Тоҷикистон ва Ӯзбекистон  имкон доранд бо 65 евро, муодил ба 676,5 сомонӣ барои як самт чиптаи ҳавопаймо дастрас намоянд.   Арзиши чиптаи ҳавопаймо дар ду самт 130 евро ё 1353 сомониро ташкил медиҳад. Ҳол он ки нархи чиптаи ҳавопаймо шурӯъ аз оғози парвозҳо дар масири Тошканд -Душанбе барои як самт 1234 сомониро ташкил медод. Ин иқдом бо мақсади ҷалби бештари мусофирон дар ин хатсайр ба роҳ монда шудааст.

Бояд тазаккур дод, ки баъд аз 25 сол, шурӯъ аз моҳи апрели соли равон ширкати миллии  ҳавопаймоии   «Ӯзбекистон ҳаво йулларӣ»  парвозҳоро дар хатсайри Тошканд-Душанбе-Тошканд ба роҳ монд. Парвози ҳавопаймои «Ӯзбекистон ҳаво йулларӣ»  дар масири Тошканд-Душанбе-Тошканд ҳафтае як маротиба тавассути ҳавопаймои А 320 анҷом дода мешавад, ки он на танҳо рафтуомади шаҳрвандони ду кишварро осон мегардонад, балки ба таҳкими дӯстиву рафоқат миёни мардумони ду кишвари ҳамсоя мусоидат менамояд.

Ноябрь 22, 2017 11:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад