70 дарсади аҳолии Тоҷикистонро шаҳрвандони то 30-сола ташкил медиҳанд
ДУШАНБЕ, 27.12.2017. /АМИТ «Ховар»/. 70 дарсади аҳолии Тоҷикистонро шаҳрвандони то 30-сола ташкил медиҳанд. Дар ин бора дар иттилоияи интишорнамудаи намояндагии UNFPA дар Душанбе гуфта мешавад.
Аз ҷумла, Хазинаи Созмони Милали Муттаҳид (СММ) оид ба нуфуси аҳолӣ (UNFPA) бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии аҳолӣ ва бо мақсади ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеа, пешсафон ва шахсоне, ки бо мушкилоти ҷавонон ва ҷалби онҳо ба раванди қабули қарорҳо машғуланд, маъракаи ҷаҳонии «Селфии норанҷӣ»-ро («Оранжевый селфи») оғоз намуд.
Бояд зикр кард, ки дар Тоҷикистон ба ин маърака аъзои шабакаи миллии омӯзиши ҷавонони ҳамсол (Y-PEER), намояндагони Федератсияи миллии таэквондо ва кикбоксинг (ФМТК), пешсафони ҷавон ва шахсони маъруф ҳамроҳ шуданд.
Имрӯз дар ҷаҳон беш аз 1,8 миллиард нафар аҳолии аз 10 то 24-сола зиндагӣ мекунанд, ки чоряки аҳолии ҷаҳонро ташкил медиҳанд. Ин гурӯҳ аз наврасон (10-19 сола) ва ҷавонон (15-24 сола) иборат аст.









Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






