Агентии суғурта: нафақаи пирон дар соли 2017 бозҳисобӣ гардид

Декабрь 29, 2017 16:59

ДУШАНБЕ, 29.12.2017 /АМИТ «Ховар»/. Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки аз ҷониби Агентӣ ва сохторҳои он дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ нафақаҳои суғуртавии 20  ҳазору 961 нафар нафақагироне, ки ба онҳо аз 1 январи соли ҷорӣ инҷониб нафақа таъйин гардида буд, бозҳисобӣ карда шуданд, ки аз ин теъдод 18601 нафар – нафақаи суғуртавӣ аз рўи синну сол, 1562 нафар — нафақаи суғуртавӣ аз рўи маъюбӣ, 1293 нафар — нафақаи суғуртавӣ аз рўи маҳрум шудан аз саробон мегиранд.

Ба иттилои манбаъ, дар натиҷа маблағи моҳона ва андозаи миёнаи нафақаи суғуртавии 20 ҳазору 961 нафар нафақагирон 23,2% афзоиш ёфт.

Зикр гардид, ки тартиби такмилёфтаи индексатсияи сармояи шартии нафақавии шахсони суғурташуда, ки дар ҳисоби андозаи қисми суғуртавии нафақаҳои суғуртавӣ таъсири мусбат мерасонад, дар ҳисоби андозаи қисми суғуртавии нафақаҳои суғуртавии шаҳрвандоне, ки ба онҳо минбаъд низ нафақаҳои суғуртавӣ таъйин мегарданд, истифода карда мешавад.

Декабрь 29, 2017 16:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид