Ҷаласаи Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Кувайт оид ба ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ва илмию техникӣ баргузор гардид

Декабрь 19, 2017 16:52

ДУШАНБЕ, 19.12.2017 /АМИТ «Ховар»/. 19 декабри соли 2017 дар хошияи ҷаласаи Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Кувайт оид ба ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ва илмию техникӣ, мулоқоти Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон  Неъматулло Ҳикматуллозода бо Вазири молияи Давлати Кувайт Наиф ал-Ҳаҷраф ва Вазири саноат ва савдои Давлати Кувайт  Холид Носир Абдуллоҳ Равзон доир гардид, ки дар он ҳолати кунунӣ, густариш ва дурнамои ҳамкорӣ миёни ду кишвар дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла, иқтисод, тиҷорат, сармоягузорӣ, саноат ва дигар масоили барои ҳарду ҷониб муҳим мавриди муҳокима қарор гирифт.

Боиси тазаккур аст, ки дар шаҳри ал-Кувайти Давлати Кувайт ҷаласаи дуюми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Кувайт оид ба ҳамкории иқтисодӣ, тиҷоратӣ, илмӣ ва техникӣ, таҳти роҳбарии Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон– Неъматулло Ҳикматуллозода ва Халифа Мусаид ал-Ҳамада– муовини якуми Вазири молияи Давлати Кувайт ба кори худ идома дода истодааст.

Зимни ҷаласаи гурӯҳи корӣ, ки онро аз ҷониби Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев– муовини якуми раиси Бонки миллии Тоҷикистон ва аз ҷониби Давлати Кувайт Набил ал-Абдулҷалил – муовини Вазири молия оид ба масъалаҳои иқтисодӣ роҳбарӣ менамоянд, масъалаҳои ҳамкорӣ дар соҳаи иқтисод, молия ва рушд, тиҷорат, бахши хусусӣ ва сармоягузорӣ, фарҳанг, таҳсилоти олӣ ва авиатсияи гражданӣ, сайёҳӣ, варзишу иттилоот, соҳаи нафту газ ва кишоварзӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Декабрь 19, 2017 16:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид