Ҷамъиятҳои истифодабарандагони чарогоҳ дар ноҳияи Данғара бо техника ва мошинолоти кишоварзӣ таъмин гардиданд

Декабрь 28, 2017 16:42

ДУШАНБЕ, 28.12.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар заминаи иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати бо техника ва мошинолоти кишоварзӣ таъмин намудани аҳолии деҳот ва бо дарназардошти эҳтиёҷоти ҷамъиятҳои истифодабарандагони чарогоҳ дар ноҳияи Данғара имрӯз, 28 декабр  аз ҷониби Муассисаи давлатии Маркази идораи Лоиҳаи «Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо»  24 адад тракторҳои тамғаи МТЗ, 6 ядак ва 3 комбайни ғалладарав дастрас  гардид.

Дар ин бора намояндаи лоиҳаи мазкур Муҳриддин Музаффаров ба АМИТ «Ховар» хабар дод.

Дар ҳақиқат норасоии техникаи кишоварзӣ барои сари вақт анҷом додани корҳои саҳроӣ мушкилиҳои зиёд ба вуҷуд меорад. Маркази идораи лоиҳа чунин эҳтиёҷотро ба инобат гирифта, дар заминаи марҳилаи дуюми татбиқи лоиҳа дастрасии аҳолиро бо техника таъмин намуд. Мутобиқи нақшаи татбиқи лоиҳа дар назар аст, ки ҷамъиятҳои истифодабарандагони чарогоҳ дар ин ноҳия  боз бо 9 трактор ва 5 ядак (присепи трактор)  таъмин карда шаванд.

Бояд зикр намуд, ки аз ҷониби Маркази идораи Лоиҳаи «Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо» дар марҳилаи дуюми татбиқи ин лоиҳа дар ноҳияҳои Фархор, Ҳамадонӣ, Восеъ ва деҳоти шаҳри Кӯлоб низ дар маҷмӯъ 90 трактор ва 50 ядак, 3 борбардори фронталӣ, 4 комбайни ғалладарав ва 2 экскаватор дастрас карда шуданд.

 

Декабрь 28, 2017 16:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид