Ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Беларус дар соҳаи маориф ва илм рушд меёбад

Декабрь 20, 2017 16:22

ДУШАНБЕ, 20.12.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар мулоқоти Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саид бо  Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Беларус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Олег Николаевич Иванов ҳамкории дуҷониба дар соҳаи маориф ва илм муҳокима  гардид.

Тавре аз Вазорати мазкур хабар доданд,  зимни вохӯрӣ  Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Беларус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Олег Иванов оид ба фаъолияти факултети муштараки Тоҷикистону Беларуси Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. С. Осимӣ, ихтисосҳои муштараки Тоҷикистону Беларуси Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, баимзорасии Созишнома дар соҳаи таҳсилоти томактабӣ ва таъсиси Маркази маълумоти меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Беларус дар назди Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи  академик М.С. Осимӣ ибрози андеша намуда, таклифҳои худро пешниҳод намуданд.

Зикр шуд, ки ҷиҳати вусъат бахшидани ҳамкорӣ бояд байни Маркази робитаҳои байналмилалии Вазорати маорифи Ҷумҳурии Беларус ва Маркази барномаҳои байналмилалии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон шартнома баста шавад.

Пешниҳоди мазкур аз ҷониби Нуриддин Саид пазируфта шуд ва вазир зикр намуд, ки   дар доираи Созишномаи байниҳукуматӣ имкон аст чунин як шартномаи дигар ба имзо расонида, ҳамкориро дар ин самт боз ҳам тавсеа бахшанд.

Декабрь 20, 2017 16:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар