Аз Соли ҷавонон то Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ
ДУШАНБЕ, 26.12.2017. /АМИТ «Ховар»/. «Аз Соли ҷавонон то Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»- зери чунин унвон имрӯз дар Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот дар ҳошияи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид.
Тавре хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар кори конфронс олимону донишмандони соҳа, донишҷӯён ва рӯзноманигорон иштирок намуданд.
Муовини директори Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот, номзади илми филология Дилшод Раҳимов иброз дошт, ки «дар Паёми навбатии Пешвои миллат дар баробари масъалаҳои муҳими соҳаҳои сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, инчунин ба рушди туризм, таблиғи намунаҳои беҳтарини фарҳанги миллӣ тавассути сабт кардани онҳо дар феҳристи ЮНЕСКО ва дастгирии ҳунарҳои мардумӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд. Ин самтҳо дар асл пайванди якдигар буда, бо мақсади муаррифии фарҳанги миллии тоҷикон ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардуми ҷумҳурӣ матраҳ шудаанд».
Ба андешаи номбурда, маҳсулоти ҳунармандӣ ва намунаҳои фарҳанги суннатӣ яке аз воситаҳои беҳтарини ҷалби сайёҳон маҳсуб мешаванд.
«Аз ҷониби Сарвари давлат Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидани соли 2018 ба пешрафту тараққӣ додани сайёҳӣ ва тақвият ёфтани касбу ҳунарҳои мардумӣ дар мамлакат заминаи мусоид фароҳам меоварад. Яке аз ташаббусҳои созанда ҷиҳати дастгириву осон намудани кори косибону ҳунармандон- ин аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз пардохти ҳамаи намудҳои андоз озод кардани маҳсулоти ҳунармандӣ мебошад»,- изҳор намуд Дилшод Раҳимов.
Боиси ифтихор аст, ки ин ҳама тадбирҳо бо мақсади ҳавасманд гардонидани аҳолӣ ҷиҳати истеҳсоли маҳсулоти ниёзи мардум дар хона ва рушди ҳунарҳои мардумӣ андешида шудаанд.








Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад






