БАРФИ АВВАЛ ДАР ДУШАНБЕ! Зимистони ҳақиқӣ фаро расид
ДУШАНБЕ, 2.12.2017 /АМИТ «Ховар»/. Сокинони пойтахти кишвар ҳарчанд ки рӯзи аввали зимистонро бе барф истиқбол гирифта буданд, вале имрӯз зимистони ҳақиқӣ фаро расида, барфи аввал ҳам борид.
Обуҳавошиносони кишвар иттилоъ медиҳанд, ки имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои абрнок ва боридани борону барф дар назар дошта шудааст.
Тибқи маълумоти обуҳавошиносон, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои абрнок ва сербориш пешбинӣ мегардад. Шамол аз тарафи шарқ аз 2 то 7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 5-7 дараҷа ва рӯзона 3-4 дараҷа хунук ва дар шарқи ин вилоят шабона 12-17 ва рӯзона 0-5 дараҷа хунук мешавад.
Ҳамзамон ҳавои абрнок ва сербориш-боридани борону барф дар вилояти Хатлон ҳам пешгӯӣ мешавад. Шамол аз тарафи шарқ 3-8 метр дар як сония ва дар ноҳияҳои алоҳида аз 15 то 20 метр дар як сония дар назар дошта шудааст. Ҳаво дар водиҳо шабона 1 -3 ва рӯзона 6-8 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Суғд ҳавои абрнок, дар водиҳо боридани борон ва дар баъзе ноҳияҳои алоҳидаи наздикӯҳӣ боридани барф дар назар аст. Ҳаво дар водиҳо шабона аз 1 то 6 дараҷа ва рӯзона то 2 дараҷа хунук мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои абрнок, дар водиҳо бориш ва дар баъзе ноҳияҳои кӯҳӣ боридани барф дар назар дошта шуда, шамол аз самти шарқ 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳарорат дар водиҳо шабона 0+1 дараҷа ва рӯзона 13-15 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳавои абрнок боқӣ монда, борону барф меборад. Шамол аз самти шарқ 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона то -1 дараҷа хунук ва рӯзона 3-7 дараҷа гарм мешавад.








Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид






