Баррасии ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Чин дар самти мубориза бо терроризм
ДУШАНБЕ, 28.12.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз муовини якуми Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмон Аламшозода бо ҳайати Вазорати бехатарии ҷамъиятии Ҷумҳурии Мардумии Чин таҳти роҳбарии муовини сардори Раёсати мубориза бо терроризми Вазорати мазкур Ли Кэмин вохӯрӣ доир намуд.
Тавре аз Вазорати корҳои дохилӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар ҷараёни вохӯрӣ муовини якуми Вазири корҳои дохилӣ Абдураҳмон Аламшозода изҳор дошт, ки сол аз сол ҳамкории Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Вазорати бехатарии ҷамъиятии Ҷумҳурии Мардумии Чин дар самти мубориза бо ҷинояткорӣ рушду нумӯъ ёфта, самараи дилхоҳ ба бор меорад.
Дар ҷараёни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкории дуҷонибаро дар самти мубориза бо терроризм, экстремизм, сепаратизм ва дигар таҳдиду хатарҳои замони муосир мавриди баррасӣ қарор доданд.
Мақсади ташрифи ҳайати Вазорати бехатарии ҷамъиятии Ҷумҳурии Мардумии Чин ба Ҷумҳурии Тоҷикистон боз ҳам тақвият бахшидани ҳамкорӣ дар самти пешгирӣ ва муқовимат бо ҷиноятҳои фаромиллӣ, табодули таҷриба ва шиносоӣ бо шароити хизматии ҳамкорон дар самти мубориза бо терроризм арзёбӣ гардид.








Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини Ҷамоати деҳоти Деҳқонободи ноҳияи Дӯстӣ аз як замин се навъи маҳсулот ҷамъоварӣ мекунад
Дар Тоҷикистон мусобиқаи «МегаФон Life дар сабки футбол» анҷом ёфт
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад






