Баррасии масъалаҳои рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ ва таҳкими амнияти иттилоотӣ дар Душанбе
ДУШАНБЕ, 29.12.2017 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бо ташаббуси Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Конфронси илмиву амалӣ дар мавзӯи «Масъалаҳои рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ ва таҳкими амнияти иттилоотӣ дар Тоҷикистон: вазъ ва дурнамо» баргузор гардид.
Тавре мухбири АМИТ «Ховар» аз ҷараёни баргузории ин ҳамоиш хабар дод, дар он намояндагони вазорату муассисаҳои дахлдори давлатии Тоҷикистон, пажӯҳишгарону коршиносон ва намояндагони воситаҳои ахбори омма иштирок намуданд.
Дар ҳамоиш коршиносон аз донишгоҳҳои гуногуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ниҳодҳои қудратии ҷумҳурӣ иштирок намуда, оид ба мавзӯъҳои «Дирӯз, имрӯз ва фардои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон», «Ҷойгоҳи ниҳодҳои динӣ дар ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон: вазъ ва дурнамо», «Иттилоот ва беиттилоотӣ- ангезандаҳои таҳдидкунанда ба амният дар асри 21», «Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи амнияти иттилоотӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ» ва ғайра ибрози андеша намуданд.
Ба андешаи Виркан Музаффарпур, ходими калони илмии шуъбаи фалсафаи дини Пажӯҳишгоҳи фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазъи имрӯзаи ҷаҳон, ки дар он гуногунии иттилоот, ҷангҳои иттилоотӣ ва равонӣ вобаста ба доштани иттилоот хеле муҳим аст, баргузор намудани ин гуна конфронсҳо метавонад барои таҳкими амнияти иттилоотӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат кунад. «Дар ҷаҳони имрӯза, дар олами мусулмонӣ ва минтақаи шарқи ҷаҳон, ки дин як воситаи истифода барои ҳадафҳои геополитикӣ гардидааст, мо бояд диққати асосиро дар сатҳи ҳифз ва амнияти иттилоотӣ ба соҳаи дин низ равона кунем ва барои дастрасӣ ба ин амал аз чораҳои барномарезишуда истифода намоем»,-зикр намуд ӯ.
Конфронси илмию амалии ҷумҳуриявӣ давоми рӯз идома меёбад.








Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд
Дар Душанбе доир ба Шабакаи иқлимии TajCN ҳамоиш баргузор гардид
Тоҷикистон ва Корея ҳамкориро дар самти рақамикунонии китобдорӣ густариш медиҳанд
Мутахассисони алоқа ба мавсими сармо омодагӣ мебинанд
Бо иштироки Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин иншооти гуногун ба истифода дода шуд






