Беҳрӯзи Хоҷазода варзишгари сол эълон шуд!
ДУШАНБЕ, 19.12.2017 /АМИТ «Ховар»/. Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон (АЖРВТ) қаҳрамони ҷаҳон оид ба самбо Беҳрӯзи Хоҷазодаро варзишгари сол эълон кард. Ӯ дар рӯйхати даҳ варзишгари беҳтарини Тоҷикистон дар соли 2017, ки онро АЖРВТ аз рӯи натиҷагирии пурсиши хабарнигорон тартиб додааст, дар ҷойи аввал мебошад.
Варзишгари 22-солаи тоҷик Беҳрӯзи Хоҷазода, ки моҳи ноябри соли равон дар Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо дар шаҳри Сочии Русия дар вазни 74 кг ба унвони қаҳрамонӣ даст ёфт, бо медали тилло мукофотонида шуд. Вай инчунин дар чемпионати Осиё дар Тошканд дар вазни 68 кг медали тилло, дар Бозиҳои V осиёӣ дар иншооти сарпӯшида ва ҳунарҳои размӣ дар Ашқобод дар намуди самбои варзишӣ дар вазни 74 кг медали тилло ва дар намуди гӯштини кураш дар вазни 73 кг медали нуқра гирифтааст.
Паҳлавони маъруфи тоҷик Комроншоҳи Устопириён, ки дар Чемпионати Осиё оид ба дзюдо дар вазни 90 кг дар Ҳонконг бо медали тилло сарфароз гаштааст, дар феҳристи даҳ варзишгари беҳтарини сол дар ҷойи дуюм қарор дорад. Ӯ дар мавсими имсола, инчунин дар Гран-прии Тошканд ҷойи якум, дар Гран-прии Анталия ҷойи дуюм ва дар Ҷоми кушодаи Аврупо дар Минск ҷойи сеюмро соҳиб шудааст.
Гурзандози машҳур Дилшод Назаров, ки дар чемпионати Осиё оид ба варзиши сабук дар Ҳиндустон бо натиҷаи 76 метру 69 сантиметр мақоми аввалро касб карда, бо медали тилло сарфароз шуд, дар феҳристи АЖРВТ ҷойи сеюмро ишғол намуд. Қаҳрамони олимпӣ инчунин имсол дар мусобиқоти ҷаҳонӣ аз силсилаи «IAAF Hammer Throw Challenge» соҳиби ҷоизаҳо гардидааст.
Ба рӯйхати даҳ варзишгари беҳтарини сол инчунин инҳо дохил шуданд:
Акмалиддин Каримов (самбо) – ҷойи дуюм дар Чемпионати ҷаҳон дар вазни 57 кг дар Сочи, ҷойи якум дар Чемпионати Осиё дар Тошканд, ҷойи якум дар Бозиҳои V осиёӣ дар иншооти сарпӯшида ва ҳунарҳои размӣ дар Ашқобод.
Темур Раҳимов (дзюдо) – ҷойи сеюм дар Чемпионати ҷаҳон байни ҷавонон дар вазни 100 кг дар Хорватия, ҷойи якум дар Ҷоми Осиё байни наврасон дар Тошканд, ҷойи дуюм дар Чемпионати Осиё байни наврасон дар Бишкек, ҷойи дуюм дар Ҷоми Осиё байни наврасон дар шаҳри Чирчиқи Ӯзбекистон.
Сомон Маҳмадбеков (дзюдо) – ҷойи сеюм дар Чемпионати ҷаҳон байни ҷавонон дар вазни 66 кг дар Хорватия, ҷойи якум дар Ҷоми Африқо байни наврасон дар Тунис, ҷойи якум дар Ҷоми Аврупо байни наврасон дар Руминия.
Ҷамолиддин Абдуллоев (дзюдо) – ҷойи сеюм дар Чемпионати ҷаҳон байни наврасон дар вазни 66 кг дар шаҳри Сантягои Чили.
Шаҳриёр Даминов (қаиқронӣ) – ҷойи дуюм дар Чемпионати Осиё дар каноэи яккаса ба масофаи 1000 метр дар Чин.
Ҷаҳон Қурбонов (бокс) – ҷойи сеюм дар Чемпионати Осиё дар вазни 91 кг дар Тошканд.
Миҷгона Самадова (кикбоксинг) – ҷойи якум дар Бозиҳои V осиёӣ дар иншооти сарпӯшида ва ҳунарҳои размӣ дар Ашқобод дар навъи кик-лайт дар вазни 60 кг.
Ба иттилои раиси Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон Нарзулло Латипов, ба рӯйхати даҳ варзишгари беҳтарини соли 2017 намояндагони шаш намуди варзиш дохил шуданд. Ҳафт нафари онҳо ба чор намуди олимпӣ – дзюдо, варзиши сабук, қаиқронӣ, бокс, се нафари дигар ба ду намуди ғайриолимпӣ – самбо ва кикбоксинг тааллуқ доранд. «Бояд тазаккур дод, ба Беҳрӯзи Хоҷазода, донишҷӯи Донишкадаи давлатии тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон, пас аз 42 соли пирӯзии ҷаҳонпаҳлавон Саидмуъмин Раҳимов муяссар шуд, ки дар чемпионати ҷаҳон оид ба самбо байни бузургсолон медали тилло ба даст орад. Бинобар ин, бо раъйи бештари хабарнигорон ӯ дар рӯйхати даҳ варзишгари беҳтарини сол мақоми аввалро касб намуд», — иброз дошт Нарзулло Латипов.
Ӯ гуфт, ки имсол се варзишгари тоҷик – Темур Раҳимов, Сомон Маҳмадбеков ва Ҷамолиддин Абдуллоев дар чемпионати ҷаҳон байни ҷавонону наврасон дар намуди олимпии варзиш-дзюдо медалҳои биринҷӣ ба даст оварданд. Аз рӯи натиҷагирии раъйдиҳии хабарнигорон ҳарсе ба даҳгонаи варзишгарони беҳтарин дохил шуданд.
Раиси АЖРВТ аз он изҳори нигаронӣ кард, ки имсол ягон варзишгар аз Тоҷикистон дар чемпионатҳои ҷаҳон миёни бузургсолон дар намудҳои олимпии варзиш медал ба даст наовард. Ҳатто қаҳрамони олимпӣ Дилшод Назаров, ки ду сол пеш барандаи медали нуқраи Чемпионати ҷаҳон дар гурзандозӣ гардида буд, имсол дар чунин мусобиқот дар Лондон ҷойи ҳафтумро гирифт.








Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон-пояи устувори мафкураи сиёсӣ дар роҳи ташаккули давлатдории миллӣ
Дар Шаҳринав бо сокинон ва соҳибкорон оид ба истифодаи самараноки неруи барқ вохӯрӣ доир шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи ҳуқуқи инсон ҳамоиш баргузор мегардад
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ РАССОМОН. Ин ҳунар дар Тоҷикистон беш аз ҳазор сол пеш ба вуҷуд омадааст
Комрон Кенҷаев: «Мо шабакаро дар тамоми ҳудуди Хатлон бунёд карда, муосир мегардонем»
Доир ба нақши Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар таъмини пешрафт ва зиндагии шоистаи мардум конференсия баргузор шуд
IRS: Ҳаракати тамоми нақлиёт дар роҳи мошингарди Душанбе- Чанок таъмин аст
Ба муносибати Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди коррупсия дар Файзобод конференсияи илмӣ доир гардид
Сафири Тоҷикистон бо муовини вазири корҳои хориҷии Арабистони Саудӣ мулоқот намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Дар шаҳри Кӯлоб оид ба пешгирии истифодаи ғайриқонунии неруи барқ вохӯрӣ баргузор шуд






