Беҳтарин марказҳои таълимию истеҳсолии адрасбофии шаҳри Истаравшан муайян гардиданд

Декабрь 28, 2017 11:17

ДУШАНБЕ, 28.12.2017 /АМИТ «Ховар»/.  Дар шаҳри Истаравшан бо иштироки роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва  занони собиқадор маросими ҷамъбасти озмуни шаҳрии «Маркази таълимию истеҳсолии адрасбофии беҳтарин» баргузор гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» котиби матбуоти раиси шаҳри Истаравшан Шералӣ  Азимӣ хабар дод.

Дар маросими ҷоизасупорӣ муовини  раиси шаҳри Истаравшан Нигора Ҳайдарзода иброз намуд, ки таваҷҷуҳи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди ҳунарҳои мардумӣ ва махсусан истеҳсоли атласу адраси ватанӣ хеле зиёд аст. Пешвои миллат дар Паёми навбатиашон иброз намуданд, ки «бо мақсади тараққӣ додани соҳаи сайёҳӣ, муаррифии шоистаи имкониятҳои сайёҳии мамлакат ва фарҳанги миллӣ дар арсаи байналмилалӣ, инчунин  ҷалби сармоя ба инфрасохтори сайёҳӣ соли 2018 дар кишвар Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон карда шавад».

Дар  ҷамъбаст аён гардид, ки   аз рӯи номгӯи «Сифати беҳтарини адраси дастӣ» адрасбоф Зилола Ҷӯраева, дар «Нақши беҳтарин»  Зиёда Муҳаммадиева, «Адрасбофи моҳир» Муслима Сулаймонова, «Тобиши беҳтарин» Дилсора Буриева, «Кошонаи ҳунар»  Наргис Ҷумъаева ғолиб дониста шуда, Шоҳҷоиза насиби  Шириной Ҷӯрабоева гардид. Озмуни мазкур тӯли як моҳ идома ёфта, иштирокчиёни беҳтарин аз тарафи ҳайати ҳакамон муайян карда шуданд.

Дар охир ба  иштирокчиён ва ғолибон Диплом ва туҳфаҳои хотиравии раиси шаҳри Истаравшан  тақдим гардиданд.

 

Декабрь 28, 2017 11:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад