БОНКИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН: то охири декабр носозиҳо дар таъминоти барномавии пулқабулкунакҳои терминалҳои худкор бартараф карда мешаванд
ДУШАНБЕ, 20.12.2017 /АМИТ «Ховар»/. Бо қарори навбатии Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 15 августи соли 2017 ҷиҳати пурзӯр намудани унсурҳои ҳимоявии пулҳои коғазӣ ва сифатан беҳтар намудани муомилоти пулии кишвар, пулҳои коғазии арзишашон 10, 20, 50 ва 100 сомонии намунаи соли 2017 бо дарназардошти унсурҳои иловагии ҳимоявӣ ба муомилот бароварда шуданд.
Тавре аз Бонки мили Тоҷикистон хабар доданд, айни замон пулҳои коғазии мазкур дар ҳудуди кишвар ҳангоми ҳисоббаробаркуниҳо бе ягон маҳдудият мавриди истифода қарор доранд.
Инчунин пулҳои коғазии намунаи соли 2017 дар аксарияти терминалҳои худкори худхизматрасони ташкилотҳои қарзӣ ва ширкатҳои тиҷоратие, ки бо қабули маблағҳо машғуланд, қабул гардида истодаанд.
Аммо дар баробари ин, дар якчанд ташкилотҳои қарзӣ то ҳол ҳангоми қабули пулҳои коғазии намунаи соли 2017 тавассути терминалҳои худкор мушкилот ба назар мерасанд.
Бино ба иттилои манбаъ, таъминоти барномавии навкардашудаи ширкате, ки ҳиссаи зиёди пулқабулкунакҳои терминалҳои худкор дар кишвар ба ин истеҳсолкунанда мансуб мебошад, дар терминалҳои худкори ташкилотҳои қарзӣ насб карда шудааст. Аммо бо сабаби мавҷуд будани носозиҳои техникӣ дар фаъолияти таъминоти барномавӣ, он ба истеҳсолкунанда барои такмил баргардонида шуд ва то бартараф кардани носозӣ, муваққатан таъминоти барномавии пешина ба кор андохта шуд.
Тибқи маълумоти ташкилотҳои қарзӣ, то охири моҳи декабри соли 2017 носозиҳо дар таъминоти барномавии пулқабулкунакҳои терминалҳои худкор бартараф карда шуда, қабули пулҳои коғазии намунаи соли 2017 пурра таъмин карда мешаванд.
Айни замон аз ҷониби ташкилотҳои қарзӣ дар маҷмӯъ 1 518 адад терминалҳои худкори худхизматрасон барои ҷамъоварии пардохтҳо насб карда шудаанд, ки беш аз аз 60 фоизи онҳо қабули пулҳои коғазии намунаи соли 2017-ро бе ягон мушкилӣ таъмин намуда истодаанд.
Масъалаи зикргардида аз ҷониби сохтори дахлдори Бонки миллии Тоҷикистон таҳти назорати ҷиддӣ қарор дорад.
Дар мавриди пайдо шудани мушкилот ҳангоми қабули пулҳои коғазии намунаи соли 2017 муштариён метавонанд ба Бонки миллии Тоҷикистон бо рақами 44 6001520 тамос гиранд, ё ба суроғаи электронии allomushtari@nbt.tj муроҷиат намоянд.








Вакили Маҷлиси намояндагон бо фаъолони ноҳияи Шамсиддин Шоҳин вохӯрӣ намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 август, чоршанбе, 238-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад






