Дар Душанбе ҷаласаи навбатии Шӯрои ҷамъиятии Тоҷикистон доир гардид

Декабрь 27, 2017 17:19

ДУШАНБЕ, 27.12.2017. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Точикистон ҷаласаи навбатии Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид.

Тавре хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар  ҳамоиш аъзои Шӯро — роҳбарони ҳизбҳои сиёсӣ, созмонҳои ҷамъиятӣ ва муассисаҳои ғайридавлатӣ ширкат намуда, доир ба натиҷаҳои фаъолияти худ ҳисобот пешниҳод намуданд.

Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода кори ҷомеаи шаҳрвандиро  хуб  арзёбӣ  карда,  изҳор  намуд,  ки  соли  оянда  низ  баҳри  беҳтар  гардидани  фаъолият   дар самтҳои гуногун аз ҷониби сохторҳои  дахлдор бояд камари  ҳиммат  баста  шавад. Абдуҷаббор  Раҳмонзода  дар  идомаи  суҳбаташ  чунин баён  намуд: «Паёми  имсолаи  Пешвои  миллат аз паёмҳои қаблӣ нисбатан фарқ дошт,  зеро  дар он умдатарин  масъалаҳо  барои  ояндаи Тоҷикистон, ки ба марҳилаи сифатан нави рушд ворид мегардад, пешниҳод шудаанд».

Бино  ба  гуфтаи  мавсуф,  имрӯз  авзои  ҷомеаи  ҷаҳонӣ  торафт  муташанниҷ   мегардад ва  дар  Паём  низ  ба  ин  масъала  диққати  махсус  зоҳир  гардид.

Зимни баргузории ҷаласа ҳамчунин Ваколатдор  оид  ба  ҳуқуқи  инсон  Зариф  Ализода  зикр намуд,  ки яке  аз  масъалаҳои муҳим  барои  фаъолияти минбаъдаи Шӯро — ин  низомномаи Шӯрои  ҷамъиятӣ  ва мукаммал гардонидани он мебошад.

Хотиррасон менамоем, ки Шӯрои ҷамъиятии Тоҷикистон моҳи апрели соли 1996 дар асоси Аҳдномаи ризоияти ҷамъиятӣ (9 марти соли 1996 ба тасвиб расидааст) созмон ёфта буд, ки ба он ҳизбҳои сиёсӣ, созмонҳои ҷамъиятӣ, иттиҳодияҳои эҷодӣ ва ташкилотҳои ғайридавлатӣ шомил мебошанд. Ба Шӯро бевосита Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбарӣ мекунанд.

 

Декабрь 27, 2017 17:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид