Дар Душанбе бахши бонкии Тоҷикистон ва имкониятҳои рушди дарозмуддати он баррасӣ гардид

Декабрь 14, 2017 17:03

ДУШАНБЕ, 14.12.2017 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президени Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Бахши бонкии Тоҷикистон: имкониятҳои рушди дарозмуддат» ҷамъомад баргузор гардид.

Тавре мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар ҷамъомади мазкур намояндагон аз Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Бонки миллии Тоҷикистон, Хазинаи байналмилалии асъор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки давлатии амонатгузории Тоҷикистон «Амонатбонк» ва дигар бонкҳо иштирок намуданд.

«Мақсад аз баргузории ҷамъомади имрӯза таҳлил ва ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод кардани тадбирҳо оид ба беҳтар гардонидани вазъи бонкдорӣ дар Тоҷикистон  мебошад, зеро он яке аз соҳаҳои ҳассоси ҷомеа маҳсуб мешавад»,- иброз дошт директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президени Ҷумҳурии Тоҷикистон Худобердӣ Холиқназар.

Бо сабаби ба миён омадани буҳрони иқтисодӣ дар ҷаҳон бархе аз бонкҳои Тоҷикистон, махсусан «Тоҷиксодиротбонк» ва «Агроинвестбонк», ки эътимоди мардум ба онҳо зиёд буд, ба мушкилии молиявӣ гирифтор шуданд. «Барои он ки ин бонкҳо фаъолияти худро идома диҳанд, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки миллии Тоҷикистон барномаи дастгирӣ ва аз буҳрон баровардани бонкҳо таҳия гардида, дар амал тадбиқ гардид»,- гуфт вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии  Тоҷикистон Олимҷон Бобоев.

Зикр шуд, ки 12 декабри соли 2016 бо ташаббуси бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикстон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади таъмини устувории низоми бонкӣ, коҳиш додани шиддатнокии иҷтимоӣ, ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои пасандозгузорону қарздеҳон ва нигоҳ доштани эътимоднокӣ ва боварии аҳолӣ ба низоми бонкӣ Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ба муомилот баровардани қоғазҳои қиматноки давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати сармоякунонии бонкҳо» қабул гардида, тибқи он ба ду бонки низомсози мамлакат- «Тоҷиксодиротбонк» ва «Агроинвестбонк» ба маблағи 3 миллиард сомонӣ қарз дода шуд, ки он дар муддати панҷ сол бояд баргардонида шавад.

«Ба ғайр аз омилҳои беруние, ки ба низоми бонкдорӣ таъсир расониданд, сабабҳои зиёди дохилӣ низ ба он мусоидат карданд. Яке аз муҳимтарини онҳо сифати пасти кадрҳои соҳа мебошад. Мутахассисони баландихтисосе ҳастанд, ки дар хориҷи кишвар таҳсил намуда, низоми бонкдории кишварҳои мутараққиро аз бар намудаанд, аммо аз сабаби он ки иқтисодиёти миллиро намедонанд, фаъолияти босамар анҷом дода натавонистанд. Кадрҳои ватанӣ  вазъияти дохилиро медонанд, вале бо низомҳои пешқадам шиносоӣ надоранд»,- гуфт Олимҷон Бобоев.

Пас аз маърӯзаҳои мутахассисони дигари соҳа миёни иштирокдорон мубодилаи афкори судманд сурат гирифт.

Декабрь 14, 2017 17:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд
Дар Душанбе доир ба Шабакаи иқлимии TajCN ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 16 дараҷа гарм мешавад
Тоҷикистон ва Корея ҳамкориро дар самти рақамикунонии китобдорӣ густариш медиҳанд
Мутахассисони алоқа ба мавсими сармо омодагӣ мебинанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Бо иштироки Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин иншооти гуногун ба истифода дода шуд