Дар конференсияи байналмилалӣ саҳми созгори Эмомалӣ Раҳмон дар ҳокимияти судӣ, ки дар заминаи меъёрҳои конститутсионӣ ба миён омадааст, таъкид гардид
ДУШАНБЕ, 04.12.2017./АМИТ «Ховар»/. «Модернизатсияи ҷомеа ва давлат тибқи муқаррароти конститутсионӣ: таҷрибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон»-таҳти чунин мавзӯъ раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳкам Маҳмудзода дар конференсияи байналмилалии «Нақш ва аҳамияти Конститутсия дар эъмори давлати демократию ҳуқуқбунёд», ки ҳафтаи гузашта дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон доир гардид, маърӯза намуда, оид ба саҳми созгори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими давлати демократию ҳуқуқбунёд, қабули Конститутсияи мамлакат, инчунин амалишавии ислоҳоти мухталифи созанда дар соҳаи ҳуқуқ ва ҳокимияти судӣ, ки дар заминаи меъёрҳои конститутсионӣ ба миён омадаанд, ба ҳозирин маълумот дод.
Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ “Ховар” судяи Суди конститутсионӣ Даврон Ҳошимзода, ки иштирокчии бевоситаи ин ҳамоиш буд, иттилоъ дод.
Ба иттилои манбаъ, ҳамчунин раиси Суди конститутсионӣ М. Маҳмудзода зимни маърӯза доир ба нақши Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рушди давлати муосир, ташаккули мақоми байналмилалии кишвар, низоми қонунгузорӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва амалишавии принсипи таҷзияи ҳокимият изҳори назар намуда, аҳамияти муқаррароти конститутсиониро дар такмили бомароми ҷомеа ва давлат муҳиму назаррас арзёбӣ намудааст.
“Дар кори конференсия мавзӯъҳои мухталифи марбут ба нақш ва аҳамияти Конститутсия дар таҳкими давлати демократию ҳуқуқбунёд, ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ, парламентаризм, ташаккули асосҳои конститутсионӣ-ҳуқуқии сиёсати хориҷӣ дар заминаи ислоҳоти демократӣ, масъалаҳои конститутсионализм, раванди конститутсионии мақомоти худидоракунии маҳаллӣ, нақши судҳои конститутсионӣ ва институтҳои муодил дар таъмини волоияти Конститутсия дар давлатҳои алоҳида ва дигар мавзӯъҳои мубрами соҳаи ҳуқуқ мавриди муҳокима қарор дода шуданд”,-илова намуд Д. Ҳошимзода.
Ин ҳамоиши сатҳи байналмилалӣ бо ташаббуси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба муносибати 25-умин солгарди Конститутсияи ин кишвар доир гардида, дар кори он намояндагони мақомоти назорати конститутсионӣ ва созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ, аз қабили намояндагони ҷумҳуриҳои Арманистон, Индонезия, Қазоқистон, Қирғизистон, Кореяи Ҷанубӣ, Федератсияи Россия, Туркия ва намояндагони мақомоти ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон иштирок намуданд.
Номбурда ҳамзамон зикр кард, ки дар доираи сафари корӣ ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо раисони судҳои конститутсионии ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон, Туркия, Индонезия, намояндагони мақомоти назорати конститутсионии Федератсияи Россия ва дигар кишварҳои ҷаҳон вохӯрӣ намуда, масъалаҳои марбут ба таҳкими ҳамкории судманди тарафайнро баррасӣ намудааст.
Аз ҷумла, бо раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз раванди муносибатҳои рушдёбандаи байнидавлатӣ, ки бо шарофати сиёсати созандаи пешгирифтаи роҳбарияти олии сиёсии ду кишвар дар ҳоли рушду густариш қарор доранд, изҳори қаноатмандӣ карда шуд. “Дар ин замина зикр гардид, ки бо мақсади таҳкими ҳамкории судманд байни судҳои конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба имзо расонидани Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ муҳим мебошад”,-гуфт Д. Ҳошимзода.








Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Филиали Донишгоҳи давлатии Москва дар шаҳри Душанбе ду маркази нави илмӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Дар муассисаҳои таҳсилоти олии вилояти Ивановои Федератсияи Русия зиёда аз 600 шаҳрванди Тоҷикистон таҳсил менамоянд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Филиали Донишкадаи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ доир мегардад
Филиали Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ «МИСИС»-ро 127 донишҷӯ хатм намуд
Тоҷикистон ва Ҷопон ҳамкориро дар соҳаи энергетика ва захираҳои об густариш медиҳанд
15 хатмкунандаи Филиали Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур тибқи стандартҳои таълимии Британияи Кабир соҳиби дараҷаҳои магистрӣ шуданд
ПАНҶСОЛАИ РУШДИ САНОАТ. Дар ноҳияи Рашт 10 коргоҳи истеҳсолию корхонаи саноатӣ ба истифода дода мешавад
Ғолибони даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» муайян гардиданд






