Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 1400 гектар замини нав ба гардиши кишоварзӣ ворид карда шуд

Декабрь 12, 2017 11:56

ДУШАНБЕ, 12.12.2017 /АМИТ «Ховар»/. Ба иттилои масъулини Раёсати кишоварзии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, давоми 5 соли охир дар ҳудуди ноҳия 1400 гектар замини бекорхобида ба гардиши кишоварзӣ ворид карда шуданд, ки ин асоси зиёд шудани майдони кишту истеҳсоли маҳсулот гардид.

Дар заминҳои мавҷудаи ноҳия деҳқонони хоҷагиҳо дар баробари пахта, сабзавоту полезӣ, картошка ва дигар анвои маҳсулоти мавриди ниёзи аҳолиро кишту парвариш менамоянд.

Баъди ҷамъоварии пахта ва ҳосили кишти такрорӣ дар баробари гузаронидани кишти тирамоҳӣ дар 7 ҳазор гектар шудгори тирамоҳӣ анҷом дода шуд. Шудгор ва яхобмонии заминҳо бо мақсади заминагузорӣ ба мавсими оянда, зиёд кардани ҳосил ва нест кардани ҳашароти зараррасон  амалӣ карда мешаванд.

Ба иттилои масъулин, корҳо то охири моҳи декабр идома меёбанд.

Декабрь 12, 2017 11:56

Хабарҳои дигари ин бахш

БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд