Дар Пекин Ҷамъияти донишҷӯёни Тоҷикистон таъсис ёфт

Декабрь 19, 2017 17:36

ДУШАНБЕ, 19.12.2017 /АМИТ «Ховар»/. 18 декабри соли равон Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон Парвиз Давлатзода зимни боздид аз Донишгоҳи тиҷорат ва молияи хориҷии Ҷумҳурии Мардумии Чин (UIBE), бо Ректори Донишгоҳ Ванг Ҷиачионг мулоқот анҷом дод ва дар чорабинии расмӣ бахшида ба муносибати таъсиси Ҷамъияти донишҷӯёни Тоҷикистон дар назди ин Донишгоҳ иштирок ва суханронӣ намуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Сафир П. Давлатзода ҳангоми суханронӣ ҳозиринро бо таъсиси аввалин ҷамъияти расмии донишҷӯёни Тоҷикистон дар яке аз донишгоҳҳои бонуфузи Чин муборакбод намуд. Сафир аҳамияти таъсиси Ҷамъиятро дар соли 2017, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Соли ҷавонон эълон шудааст, махсусан муҳим арзёбӣ карда, аз он изҳори  умедворӣ кард, ки Ҷамъияти мазкур барои сарҷамъ ва муттаҳид намудани донишҷӯёни Тоҷикистон дар Чин ва дар сатҳи шоиста муаррифӣ намудани фарҳанг ва симои Тоҷикистон мусоидат хоҳад кард.

Бо муроҷиат ба донишҷӯёни Тоҷикистон ва бо ёдоварӣ аз муҳтавои суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Донишгоҳи Чинхуа дар доираи сафари давлатиашон ба Чин соли равон Сафир зикр кард, ки “имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кадрҳои баландихтисос эҳтиёҷ дорад ва шумо одамони хушбахт мебошед, ки имконияти хуби таълим доред. Бино бар ин, аз шароити мусоиди бароятон фароҳамгашта хуб истифода бурда, илм омӯзед, соҳибкасб шавед ва давлат шуморо ҳатман қадр хоҳад кард”.

Донишгоҳи тиҷорат ва молияи хориҷии Ҷумҳурии мардумии Чин (UIBE) имрӯз ҳамчун яке аз беҳтарин донишгоҳҳои риштаи тиҷорати хориҷӣ ва иқтисод дар Чин обрӯву нуфузи зиёд дорад. Дар шароити ҳозира дар Донишгоҳ 16000 донишҷӯи шакли омӯзиши рӯзона, аз ҷумла, беш аз 3200 донишҷӯи хориҷӣ аз 130 кишвари дунё таҳсил мекунанд. Дар Донишгоҳ 21 ҷамъияти донишҷӯёни кишварҳои мухталиф фаъолият мекунанд.

Декабрь 19, 2017 17:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд
Дар Душанбе доир ба Шабакаи иқлимии TajCN ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 16 дараҷа гарм мешавад
Тоҷикистон ва Корея ҳамкориро дар самти рақамикунонии китобдорӣ густариш медиҳанд
Мутахассисони алоқа ба мавсими сармо омодагӣ мебинанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Бо иштироки Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин иншооти гуногун ба истифода дода шуд