Дар шаҳри Абу Забӣ ҷаласаи сеюми Комиссияи байниҳукуматӣ доир шуд
ДУШАНБЕ, 14.12.2017 /АМИТ «Ховар»/. Рӯзҳои 12-13 декабр дар шаҳри Абу Забӣ ҷаласаи сеюми Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Араб оид ба ҳамкории иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва техникӣ баргузор шуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Тибқи иттилои манбаъ, дар ҷаласаи мазкур намояндагони вазорату идораҳои дахлдор, аз ҷумла, муовини якуми сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Каримзода иштирок намуданд.
Дар ҷаласа масъалаҳо оид ба ҳамкории дуҷониба дар бахши тиҷоратию иқтисодӣ, сармоягузорӣ, бонкию молиявӣ, нақлиёт, сайёҳӣ ва дигар масъалаҳои мубрам мавриди баррасии тарафҳо қарор дода шуд.
Инчунин дар ҷаласа аз ҷониби муовини якуми сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Каримзода ва роҳбари кулли мақомоти федералии гумруки Амороти Муттаҳидаи Араб Моҳаммад Ҷума Буосаиба Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Араб оид ба ҳамкорӣ ва ёрии байниҳамдигарӣ дар фаъолияти гумрукӣ ба имзо расонида шуд.








Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд






