Дар ҷумҳурӣ истеҳсоли сабзавот сол аз сол меафзояд
ДУШАНБЕ, 07.12.2017 /АМИТ «Ховар»/. Самаранок истифода бурдани заминҳои корам ва дуруст риоя намудани агратехникаи парвариши зироати кишоварзӣ боис гаштааст, ки ҳосилнокии зироати кишоварзӣ баланд ва маҳсулоти он фаровон гардад. Тавре аз Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, то 4 декабри соли равон дар ҷумҳурӣ ҳосили 31 ҳазору 20 га сабзавот ҷамъоварӣ карда шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 882 га зиёд мебошад. Ҳосили умумии ҷамъоваришудаи сабзавот дар ҷумҳурӣ 800 ҳазору 205 тоннаро ташкил дод, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 39 ҳазору 680 тонна зиёд буда, ҳосилнокӣ аз ҳар га 258 сентнерро ташкил медиҳад.
Ба иттилои манбаъ, аз ҳисоби ҳосили умумии сабзавот пиёз 393 ҳазору 505 тонна, карам 22 ҳазору 752 тонна, помидор 144 ҳазору 81 тонна, бодиринг 49 ҳазору 498 тонна, сабзӣ 90 ҳазору 466 тонна ва дигар сабзавот 99 ҳазору 903 тоннаро ташкил дод.
Бояд зикр кард, ки имсол истеҳсоли ҳосили фаровони меваю сабзавот дар ҷумҳурӣ имкон дод, ки дар бозорҳои мамлакат нархи бештари маҳсулот, чун себ, нок, помидор, карам, пиёз, сабзӣ рӯ ба арзонӣ оранд. Тавре дар урфият мегӯянд: “бардорад, зам кун, набардорад кам”. Фаровонии меваю сабзавоти имсола имкон дод, ки мизони бозорҳо коҳиши нархҳоро нишон диҳанд.








Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






