Дар Вазорати фарҳанг бо мақсади баланд бардоштани маърифат ва фарҳанги миллӣ мулоқот доир шуд

Декабрь 8, 2017 15:34

ДУШАНБЕ, 8.12.2017. /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода бо кормандони дастгоҳи марказӣ, ташкилоту муассисаҳои зертобеи вазорат ва масъулини Раёсат, шуъба ва бахшҳои фарҳангии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ баргузор гардид.

Дар ҷараёни ҷаласа фаъолияти воқеии муассисаҳои фарҳангии вазорат ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ мавриди таҳлилу муҳокимаи ҳамаҷониба қарор дода шуд.

Зимни мулоқот Абдуҷаббор Раҳмонзода оид ба таблиғи давлатдории миллӣ, баланд бардоштани маърифат ва фарҳанги миллӣ, омодагиҳо ба барномаҳои муҳими сиёсие, ки баргузориашон давоми соли  2018 ба нақша гирифта шудааст, маслиҳатҳои муфид дод.

 

Декабрь 8, 2017 15:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад