Дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ нуктаҳои асосии Паёми Пешвои миллат мавриди омӯзиш қарор гирифтанд
ДУШАНБЕ, 26.12.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади омӯзиши нуктаҳои муҳими Паёми солонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 22 декабри соли 2017 пешниҳод гардиданд, ҷаласаи васеъ баргузор гардид.
Дар ҷаласа муовини якуми вазир Эмин Сангинзода зикр кард, ки Паёми Пешвои миллат раҳнамо ва барномаи амали ҳамаи вазорату идораҳо, сохторҳои давлатию ҷамъиятӣ ва шаҳрвандони ҷумҳурӣ барои фаъолият дар соли 2018 мебошад.
«Дар Паёми имсолаи хеш ба Маҷлиси Олӣ Пешвои миллат ҷиҳати таъсис додани корхонаҳои хурду миёна ва ба ин восита, давоми соли 2018 таъсис додани 110 ҳазор ҷойи кори доимӣ, бахусус барои занону ҷавонон супориш доданд. Инчунин рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, баланд бардоштани сатҳи касбомӯзӣ дар муассисаҳои таълимӣ, ҷалби бештари занону ҷавонон ба омӯзиши касбу ҳунарҳои ба талаботи бозори меҳнат ҷавобгӯ ҳамчун масъалаҳои муҳим ва ҳалталаб муайян гардиданд. Бинобар ин масъулини вазоратро зарур аст, ки барои иҷрои саривақтӣ ва сифатноки дастуру супоришҳои Пешвои миллат тамоми тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намоянд», — иброз дошт Э. Сангинзода.
Дар ҷаласа иштирокчиён андешаву бардоштҳои хешро аз Паём иброз дошта, таъкид намуданд, ки баҳри амалӣ намудани бандҳои Паёми Сарвари давлат тамоми саъю кӯшишро ба харҷ медиҳанд.








Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад






