Дар вилояти Хатлон машғулиятҳои курсҳои «Духтарони роҳбар» анҷом ёфтанд
ДУШАНБЕ, 30.12.2017. /АМИТ «Ховар»/. Дар вилояти Хатлон машғулиятҳои курсҳои омӯзишии «Духтарони роҳбар» ҷамъбаст гардиданд. Тавре аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон иттилоъ доданд, курсҳои мазкурро дар давоми сол 172 нафар донишҷӯдухтарон хатм намуданд. Чунин курсҳои омӯзишӣ дар шаҳри Кӯлоб ва Данғара низ гузаронида шуданд.
Муҳлати таҳсил дар курсҳои мазкур се моҳ буда, хатмкунандагони он соҳиби сертификати фаъолият мегарданд ва ба захираи кадрии Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ворид карда мешаванд.
Дар анҷоми курсҳо муовини раиси вилояти Хатлон Махфират Хидирзода иштирок намуда, ба ҷавондухтарон сертификат супорид.








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






