ДУШАНБЕИ СОЛИНАВӢ: ҳангоми баргузории шоу-барномаи идона ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар хиёбони Рӯдакӣ манъ карда мешавад

Декабрь 27, 2017 09:49

ДУШАНБЕ, 27.12.2017. /АМИТ Ховар/. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе  ба таваҷҷуҳи ронандагон   ва сокинону меҳмонони пойтахт мерасонад, ки 31 декабри соли 2017, аз соати 19:30 то 22:00 ҳаракати воситаҳои нақлиёти автомобилӣ дар хиёбони Рӯдакӣ  манъ карда  мешавад.

Тавре  аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе  хабар доданд,  ин амал бо мақсади  баргузории шоу-барномаи идона бахшида ба таҷлили Соли нави мелодии 2018   ба роҳ монда шудааст.

Тибқи қарори Раиси шаҳри Душанбе Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ҷиҳати таъмини ҳаракати воситаҳои нақлиёти автомобилӣ дар кӯчаҳои ҳамшафати макони баргузории чорабиниҳои идона ва бехатарии ҳаракати шаҳрвандон вазифадор гардидааст.

 

Декабрь 27, 2017 09:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад