Ҳеҷ кас набояд дар ғуломӣ ё ҳолати маҷбурӣ нигоҳ дошта шавад. 2 декабр- Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди ғуломдорӣ

Декабрь 2, 2017 09:24

ДУШАНБЕ, 2.12.2017 /АМИТ «Ховар»/. Ҷиҳати рафъи пурраи ғуломӣ ҳамасола 2 декабр ҳамчун Рӯзи байналмилалии мубориза бар   зидди  ғуломдорӣ таҷлил карда мешавад.

Ин сана 2 декабри соли 1949 аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид қабул гардидааст. Ғуломӣ ин ҳолатест, ки дар шароити он шахс ба таври комил ва ё қисман мутеи каси дигар буда, аз ҳуқуқ ва озодиҳои дахлдор маҳрум мебошад ва дар муомилот чун ашё баромад менамояд.

Падидаи ғуломӣ таърихи тӯлонӣ дорад. Ибтидои онро ба пайдоиши нахустин давлатҳо мувофиқ медонанд. Мувофиқан ин зуҳурот дар тамоми давраҳои инкишофи инсоният ва дар аксари манотиқи олам арзи ҳастӣ менамуд. Тадбирҳои нахустини рафъи ғуломӣ ҳанӯз асрҳои миёна сурат гирифта буданд

Бо баробари инкишоф ёфтани муносибатҳои ҷамъиятӣ  худи инсон низ ташаккул ёфта, кӯшиш намудааст, ки кори идораи умумиро то ҳадди имкон бидуни истифодаи ғуломон ба сомон расонида, пеши роҳи азобу уқубати одамонро гирад. Озод будан орзуи деринаи инсоният буда, аз табиат ва манзалати ӯ сарчашма мегирад. Бинобар ин яке аз дастовардҳои асосии инқилобҳои буржуазие, ки дар асрҳои XVIII-XIX дар мамлакатҳои Аврупо ба вуқӯъ омаданд, эътирофи олии ҳуқуқу озодиҳои инсон ба ҳисоб меравад.

Дар ин ҷода бо эътирофнамоии ҳуқуқҳои инсон падидаи ғуломдорӣ дар саросари ҷаҳон ба падидаи номатлуб, ки шаъну шарафи инсонро поймол мекард, мубаддал гардид.  Дар асри XX аввалин маротиба мафҳуми ғуломдорӣ дар санади байналхалқии Конвенсияи Лигаи миллатҳо «Оид ба ғуломӣ», ки соли 1926 қабул гаштааст, ба таври зайл нишон дода шудааст: «Зери мафҳуми ғуломӣ чунин мавқеъ ва ё ҳолати шахс дар назар дошта мешавад, ки нисбат ба вай қисман ва ё ҳамаи ваколатҳое амалӣ карда мешаванд, ки мазмуни ҳуқуқи моликиятиро ташкил медиҳанд». Баъдан таърифи расмии ғуломӣ дар Эъломияи умумии ҳуқуқи инсон оварда шудааст, ки мазмуни падидаи ғуломиро хеле васеъ нишон додааст. Тибқи он ҳеҷ кас набояд дар ғуломӣ ё ҳолати маҷбурӣ нигоҳ дошта шавад, ғуломӣ ва ғуломфурӯшӣ дар ҳамаи навъҳои он манъ аст.

Ҳамин тариқ, дар замони муосир ба танзими масъалаҳои манъ намудани ғуломдорӣ эътибори ҷиддӣ дода мешавад. Созмони Милали Муттаҳид, дигар созмонҳои байналхалқӣ бо иштироки фаъолонаи давлатҳои ҷаҳон муташаккилона бар зидди ин падидаи ғайриинсонӣ муборизаи шадид мебаранд. Аз ҷумла,  санадҳои ҳуқуқии байналхалқӣ ин падидаро ба таври қатъӣ маҳкум менамоянд.

Тавре зимни суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» иҷрокунандаи вазифаи мудири кафедраи ҳуқуқи инсон ва ҳуқуқшиносии муқоисавии факултети ҳуқуқшиносии ДМТ Исфандиёр Саидов иброз намуд, айни ҳол ба сифати яке аз шаклҳои ғуломӣ меҳнати иҷборӣ эътироф шудааст. Дар Конвенсияи Созмони Байналхалқии Меҳнат (минбаъд СБМ) оид ба меҳнати маҷбурӣ, ки соли 1930 қабул шудааст, мафҳуми меҳнати маҷбурӣ ба таври зайл оварда шудааст — «ҳама гуна кор ва хизмате, ки аз ягон шахс бо таҳдиди ҷазо бе хоҳиш ва розигии ӯ талаб карда мешавад».

Асноди байналхалқӣ омилҳои зеринро нисбат ба манъ будани ғуломӣ ва меҳнати иҷборӣ пешбинӣ менамоянд: — ҳар шахс дар интихоби касб ва ҷойи кор аз рӯйи қобилияти худ озод мебошад. Дар ҳалли ин масъала набояд маҷбуркунӣ роҳ дода шавад. Шахс вобаста ба қобилияти худ дар бораи аз рӯйи ихтисоси муайян ва дар ҷойи кори муайян машғули меҳнат шудан бо корфармо озодона шартнома баста шарту шароити меҳнатро муайян месозад. Инчунин ӯ бо хоҳиши худ озодона метавонад қатъ намудани чунин шартномаи меҳнатиро талаб намояд.

«Дар Конститутсия ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳалли масъалаи пешгирии ғуломӣ ва меҳнати иҷборӣ аҳамияти хосса дода шудааст. Аз ҷумла, манъи меҳнати маҷбурӣ — ин талаботи конститутсионӣ мебошад, ки дар моддаи 35 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мустаҳкам карда шудааст. Қисми якуми моддаи 8 Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон ин қоидаро айнан такрор менамояд. Ҳамзамон Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ғуломӣ ва ғуломфурӯширо манъ намуда, онро бо ибораи хариду фурӯши одамон истифода намуда, маҳкум менамояд»,- изҳор дошт Исфандиёр Саидов.

Мавсуф илова намуд, ки баҳри роҳ надодан ба он ба Кодекси ҷиноятии ҶТ тағйиру иловаҳо ворид карда шуд ва таркиби нави ҷиноятҳо дар моддаи 130, эзоҳи 1- хариду фурӯши одамон ва моддаи 130, эзоҳи 2- истифодаи меҳнати ғуломона илова гардид. Умуман боби 17-уми Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикстон, ки ба «Ҷиноятҳо ба муқобили озодӣ, обрӯ ва эътибори шахсият» бахшида шудааст ва дигар моддаҳои ҳамин Кодекс ҳамаи унсурҳои ғуломиро фаро гирифта, онро бо таҳдиди татбиқи ҷазо манъ менамояд.

Исфандиёр Саидов зикр намуд, ки дар низоми ҳуқуқу озодиҳои инсон манъи ғуломӣ дар баробари озодӣ аз шиканҷа ҳамчун ҳуқуқи мутлақ ҳисобида мешавад. Яъне он дар ягон ҳолат ва ба ҳеҷ ваҷҳ набояд маҳдуд карда шавад. Миллати тоҷик аз қадим ба ҳуқуқи инсон, махсусан манъи ғуломӣ диққати махсус зоҳир менамуд. Ҳанӯз асосгузори давлати Ҳахоманишиён Куруши Кабир дар Эъломияаш чунин навишта буд: «То рӯзе, ки зинда ҳастам, нахоҳам гузошт, то мардумонро бо номи барда ва каниз ном бибаранд ва ё онҳоро бифрӯшанд».

Зарангези ЛАТИФ

Декабрь 2, 2017 09:24

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАЪТИЛРО БОСАМАР ГУЗАРОНЕМ! Таҳти ин шиор Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон озмуни китобхонии фосилавиро эълон намуд
Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҷиҳати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон 46 машварати сайёри ҳуқуқӣ гузаронид
Пагоҳ дар Агентии хизмати давлатӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Академияи идоракунии давлатӣ ва Саридораи геология нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Вазорати энергетика: «Воридот ва нархи гази моеъ таҳти назорати мақомоти ваколатдори соҳа қарор дорад»
«ФАЙЗИ ИСТИҚЛОЛ». Дар басти сеюми ин лагер 410 кӯдаку наврас ба истироҳат фаро гирифта шуд
Суҳбат дар баландӣ. Сокинони ВМКБ бо топ-менеҷерони ширкати «МегаФон Тоҷикистон» мулоқот намуданд
Дар Кӯлоб вобаста ба саҳми шуроҳои ҷамъиятӣ дар амалишавии ислоҳоти милитсия ҳамоиш баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шудааст
Имрӯз дар Вазорати фарҳанг, Кумитаи телевизион ва радио, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» ва МД «Телевизиони Сафина» нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Бо иқдоми соҳибкорони ватанӣ заминҳои кишоварзии ноҳияи Деваштич обёрӣ гардиданд
Таътили тобистонаи хонандагон дар истироҳатгоҳи омӯзишии «Истиқлол»-и назди Донишгоҳи давлатии Кӯлоб бофароғат мегузарад
Пагоҳ дар Вазорати фарҳанг, Кумитаи телевизион ва радио, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» ва МД «Телевизиони Сафина» нишасти матбуотӣ баргузор мегардад