ФУТБОЛ: «Истиқлол» нахустин бозиҳои КФО-2018-ро аз майдони худ оғоз мекунад
ДУШАНБЕ, 07.12.2017 /АМИТ «Ховар»/. Чемпиони шашкаратаи Тоҷикистон- дастаи футболи «Истиқлол»-и Душанбе ширкати худро дар мусобиқоти Ҷоми КФО-2018 7 марти соли оянда аз майдони худ шурӯъ мекунад. Тавре аз Федератсияи футболи Тоҷикистон ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, рақиби дастаи «Истиқлол» дар даври аввали марҳилаи гурӯҳӣ ғолиби ҷуфти даври плей-офф мешавад. Дар сурате, ки ғолиби Ҷоми Тоҷикистон – дастаи футболи «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд тавонад ба марҳилаи гурӯҳии мусобиқот роҳ ёбад, он гоҳ дастаи «Истиқлол» дар ибтидои Ҷоми КФО-2018 7 март ба муқобили дастаи футболи «Хуҷанд» бозӣ мекунад. Ба ғайр аз дастаи «Истиқлол» дар марҳилаи гурӯҳии мусобиқот чемпиони Қирғизистон — «Олой»-и Ӯш ва ғолиби чемпионати Туркманистон, ки рӯзҳои наздиктарин маълум мешавад, мубориза мебаранд.
Боз як ширкаткунандаи даври гурӯҳӣ дар минтақаи Марказӣ аз рӯи натиҷагирии бозиҳои плей-офф муайян хоҳад шуд. Дастаи футболи «Хуҷанд», дорандаи медали нуқраи чемпионати имсолаи мамлакат ва Ҷоми Тоҷикистон ба мубориза барои Ҷоми КФО-2018 аз даври плей-офф шурӯъ менамояд. Рақиби дастаи «Хуҷанд» дар марҳилаи плей-оффи Ҷоми КФО ғолиби ҷуфти даври пешакӣ миёни барандаи Ҷоми Қирғизистон — «Дордой»-и Бишкек ва дорандаи медали нуқраи чемпионати Туркманистон мегардад. Дастаи футболи «Хуҷанд» нахустин бозиашро дар доираи плей-оффи Ҷоми КФО-2018 13 феврал дар меҳмонӣ, бозии ҷавобиро 20 феврал дар майдони худ анҷом медиҳад. Марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2018 дар минтақаи Марказӣ 7 март оғоз ёфта, 16 май ба поён мерасад. Ба даври баъдии мусобиқот танҳо ғолиби гурӯҳ роҳ меёбад.
Пас аз анҷоми марҳилаи гурӯҳӣ бозиҳои нимфиналӣ ва финалии байниминтақавӣ баргузор мешаванд. Бозии асосии Ҷоми КФО-2018 27 октябр барпо мегардад.








Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми дӯстонаро бо Қатар мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Чемпионати ҷаҳон-2026 оид ба футбол бар тимҳои Бермуд ва Филиппин пирӯз шуд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон пас аз иштирок дар Бозиҳои V параосиёӣ ба Ватан баргаштанд
Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои иштирок дар мусобиқаи «Кing’s Сup 2026» эълон гардид
«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд






