ФУТБОЛ: Нуриддин Давронов ба «Юнайтед» меравад
ДУШАНБЕ, 19.12.2017 /АМИТ «Ховар»/. Бозингари шинохтаи дастаи мунтахаби Тоҷикистон ва нимҳимоягари дастаи футболи «Истиқлол»-и Душанбе Нуриддин Давронов метавонад корномаи хешро дар чемпионати хориҷа идома бахшад.
Тавре аз Федератсияи футболи Тоҷикистон ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ба нимҳимоягари 26-солаи тоҷик Нуриддин Давронов дастаи индонезии «Мадура Юнайтед» мароқ зоҳир намудааст. Тавре маълум гардид, имрӯз Нуриддин Давронов тавассути Истанбул баҳри гуфтушунид бо дастаи футболи «Мадура Юнайтед» ба Индонезия парвоз намуд.
Бозингари дигари дастаи мунтахаби Тоҷикистон Манучеҳр Ҷалилов, ки 2 соли охир дар дастаи футболи «Истиқлол»-и Душанбе ҳунарнамоӣ мекард, ҳафтаи гузашта ба ҳайати дастаи дигари ин кишвар «Шривиҷая» ҳамроҳ гардид. Беҳтарин бозингари Ҷоми КФО дар ҳайати дастаи наваш аллакай чанд бозӣ баргузор намуд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар






