ФУТЗАЛ: ҷоизадорони лигаи касбии футзали Тоҷикистон муайян шуданд
ДУШАНБЕ, 14.12.2017 /АМИТ «Ховар»/. Мавсими имсолаи лигаи касбии футзали Тоҷикистон бо пирӯзии дастаи «ДИСИ Инвест»-и Душанбе ба поён расид.
Тавре аз Федератсияи футболи Тоҷикистон ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дастаи футзали «ДИСИ Инвест», ки бори чаҳорум чемпиони Тоҷикистон шуд, ба ҳаққи ширкат дар мусобиқоти Чемпионати бошгоҳии Осиё-2018 мушарраф гардид. Дастаи футзали «ДИСИ Инвест» аз 28 бозӣ дар 26-тоаш ғолиб омада, танҳо дар ду дидор мағлуб шуд ва бо 78 имтиёз мақоми аввалро касб намуд. Дастаи футзали «ДИСИ Инвест»-и Душанбе бо медалҳои тиллои мусобиқоти Чемпионати футзали Тоҷикистон мукофотонида мешавад.
Медалҳои нуқра бори аввал насиби дастаи «Сипар»-и шаҳри Хуҷанд гардиданд. Ин даста, ки 65 имтиёз дорад, мақоми дуюмро аз они худ кард. Ду даста – «Равшан»-и Кӯлоб ва «Соро компания»-и Душанбе 55-имтиёзӣ гирифтанд. Аз рӯи натиҷаи бозиҳо миёни онҳо дастаи футзали «Равшан» мақоми сеюмро соҳиб шуд ва бо медалҳои биринҷӣ сарфароз мегардад.
Бозингари дастаи «Равшан» Шодӣ Муродов, ки 46 тӯб задааст, беҳтарин нишонзани чемпионат номида шуд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
АЗ ДИРАФШИ КОВИЁНӢ ТО ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ. Мулоҳизаҳо доир ба оини парчамдории тоҷикон дар масири таърих
Дар Ваҳдат Фестивали намоиш – фурӯши чорвои зотӣ баргузор гардид
Дар Душанбе ҳамоиши ҷавонони соҳаи геология баргузор гардид
МегаФон Тоҷикистон: МегаҚувва гигабайтҳоро дучанд менамояд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид






