IRS: «Арзиши тарофаҳоро боло набурдаем, ҳарчанд зарурат вуҷуд дорад»

Декабрь 20, 2017 09:48

ДУШАНБЕ, 20.12.2017 /АМИТ «Ховар»/. Вақтҳои охир дар баъзе сомонаҳои интернетӣ бобати  боло рафтани тарофаҳои филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки нигоҳдории роҳи Душанбе-Чаноқро ба зимма дорад,  иттилои таҳрифшуда паҳн гардид.

Тавре аз маркази матбуоти филиали ширкати мазкур ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд,   иттилои пахшуда дар маҷмўъ «аз пашша фил сохтан» аст.  Зеро давоми солҳои охир сарфи назар аз таъсири буҳрони ҷаҳонии молиявӣ ва амалӣ гардидани як силсила ибтикор, аз ҷумла, бунёди плазаҳои нав, харидории техникаҳои пуриқтидор, бунёди корхонаҳои истеҳсоли асфалт, таъмири куллии қариб 50 километр роҳ, ширкат ба боло бурдани тарофаҳо иқдом накард.

Ашхоси огоҳ медонанд, ки таъмири куллии роҳ  масрафи зиёд дошта, дар ин замина роҳ пурра аз нав бунёд мешавад.

Бино ба гуфти манбаъ, аз 20 то 60 дирам афзудани тарофаҳо ба он рабт дорад, ки қаблан бисёре аз тарофаҳо дирамҳои изофагӣ доштанд ва ҳангоми пардохти ҳаққи убури роҳ то андозае мушкилӣ эҷод мекарданд. Ҳоло ширкат ин нархномаҳоро яклухт кардааст, то пардохт барои мусофирон осонтар шавад. Аз ин бармеояд, ки овозаҳо бобати боло бурдани нархи тарофаҳо воқеият надоранд, ҳарчанд барои боло рафтанашон асос (омилҳое, ки болотар зикр шуд) вуҷуд дорад.

Роҳбарияти филиали Ширкат чанд моҳ пеш, аниқтараш замони ба фаъолият шурӯъ намудани плазаҳои нав ба ҷои плазаҳои он замон фаъол расман иброз дошта буд, ки дар заминаи ҷорӣ намудани низоми навсозишудаи  толлингӣ  теъдоди плазаҳои филиали Ширкат, ки он замон 7-то буд, ба 6-то мерасад. Дар натиҷа, плазаи воқеъ дар Майхура аз байн бардошта шуд ва маблағеро, ки қаблан дар плазаи Майхура пардохт мешуд, мутаносибан ба плазаҳои Варзоб ва Ҳушёрӣ тақсим шуданд.

Ҷои зикр  аст, ки меҳвари ибтикори мазкур- ҷорӣ  намудани низоми навсозишудаи  толлингӣ таъмини бехатарии мусофирону ронандагон ва боз ҳам беҳбуд бахшидани сатҳу сифати хизматрасонӣ маҳсуб мешавад.

Ёдовар мешавем, ки мавриди истифода қарор гирифтани плазаҳои нав 2 марҳиларо дар бар гирифта, дар навбати аввал плазаҳои толлингии Варзоб, Ҳушёрӣ дар ноҳияи Варзоб, сипас Деҳмой, Истаравшан, Шаҳристон дар вилояти Суғд фаъол шуданд.

Декабрь 20, 2017 09:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон-пояи устувори мафкураи сиёсӣ дар роҳи ташаккули давлатдории миллӣ
Дар Шаҳринав бо сокинон ва соҳибкорон оид ба истифодаи самараноки неруи барқ вохӯрӣ доир шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи ҳуқуқи инсон ҳамоиш баргузор мегардад
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ РАССОМОН. Ин ҳунар дар Тоҷикистон беш аз ҳазор сол пеш ба вуҷуд омадааст
Комрон Кенҷаев: «Мо шабакаро дар тамоми ҳудуди Хатлон бунёд карда, муосир мегардонем»
Доир ба нақши Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар таъмини пешрафт ва зиндагии шоистаи мардум конференсия баргузор шуд
IRS: Ҳаракати тамоми нақлиёт дар роҳи мошингарди Душанбе- Чанок таъмин аст
Ба муносибати Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди коррупсия дар Файзобод конференсияи илмӣ доир гардид
Сафири Тоҷикистон бо муовини вазири корҳои хориҷии Арабистони Саудӣ мулоқот намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Дар шаҳри Кӯлоб оид ба пешгирии истифодаи ғайриқонунии неруи барқ вохӯрӣ баргузор шуд