Иштироки ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар конфронсҳои байналмилалӣ дар Ашқобод

Декабрь 12, 2017 17:16

ДУШАНБЕ, 12.12.2017 /АМИТ «Ховар»/. 11 декабри соли 2017 дар шаҳри Ашқобод ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар конфронси байналмилалӣ зери унвони «Маркази минтақавии СММ оид ба дипломатияи боздоранда барои Осиёи Марказӣ (UNRCCA): 10 соли ҳамкорӣ баҳри сулҳ ва рафоҳати минтақа» иштирок намуд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистонро муовини Вазири корҳои хориҷӣ Музаффар Ҳусейнзода муаррифӣ кард ва зимни суханронӣ роҷеъ ба таҷрибаи 10-солаи хамкории густурда ва босамари кишварҳои минтақа дар доираи  UNRCCA, инчунин самтҳои мубрам ва афзалиятноки талошҳои ҳамоҳангшуда ва муштарак, ки барои таҳкими амният ва рушди устувори Осиёи Марказӣ равона шудаанд, изҳори назар намуд.

Роҳбари ҳайати Тоҷикистон ҳамзамон аз иштирокдорони ҳамоиши мазкур даъват ба амал овард, то дар конфронси байналмилалии сатҳи баланд вобаста ба Дахсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор», солҳои  2018-2028, ки қарор аст моҳи июни соли 2018 дар шаҳри Душанбе баргузор гардад, иштирок намоянд.

Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон  ҳамчунин дар конфронси байналмилалӣ зери унвони «Сиёсати бетарафӣ ва дипломатияи боздоранда дар муносибатҳои байналмилалӣ: нақш ва таҷрибаи Туркманистон» ширкат намуд.

Дар кори ин ҳамоишҳо  Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон Фаррух Шарифзода низ иштирок кард.

Декабрь 12, 2017 17:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид