Консули фахрии Тоҷикистон «Консули сол»-и Германия эълон шуд

Декабрь 5, 2017 09:54

ДУШАНБЕ, 05.12.2017 /АМИТ «Ховар»/.  3 декабр дар шаҳри Берлин бо ташаббуси маҷаллаи дипломатии Германия «Diplomatisches Magazin» ҳамоиши солона баргузор шуд. Барои иштирок дар ин ҳамоиш беш аз 300 нафар намояндагони доираҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва дипломатӣ даъват гардиданд. Дар ин бора аз Сафорати Тоҷикистон дар Германия ба АМИТ “Ховар” хабар доданд.

Дар доираи кори ҳамоиш бо қарори мушовараи маҷаллаи дипломатии «Diplomatisches Magazin» барои фаъолияти пурсамар ҷиҳати иҷрои масъулияти консули фахрӣ, саҳми муносиб дар муаррифии имрӯзи Тоҷикистон ва баргузор намудани чорабиниҳо ба хотири таҷлили рӯзҳои таърихӣ ва ҷашнҳои миллии Тоҷикистон дар Германия консули фахрии Тоҷикистон дар Ҳамбург ва Шлезвиг-Ҳолштайн Куруш Пуркиён бо ҷоизаи фахрии «Консули сол» сарфароз гардид.

Ҷоизаро дар фазои тантанавӣ сармуҳаррири маҷаллаи дипломатии «Diplomatisches Magazin» доктор Ирене Эрнст супорид. Куруш Пуркиён, аз ҷумла, иброз дошт: “Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 26 соли соҳибистиқлолияш таҳти сарварии Пешвои миллат – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба дастовардҳои назаррас ноил гардидааст. Ман ба ҳайси консули фахрӣ ифтихормандам, ки имкон дорам дар муаррифии таъриху фарҳанги куҳани миллати тоҷик ва дастовардҳои имрӯзи Тоҷикистон саҳми худро гузошта, бад-ин васила ба боло бурдани муносибатҳои гуногунҷабҳаи ду кишвари дӯст Тоҷикистону Германия мусоидат намоям”.

Сафири Тоҷикистон дар Германия Маликшо Неъматов ба Куруш Пуркиён барои фаъолияти пурсамар ба ҳайси консули фахрии Тоҷикистон ифтихорнома супорида, ба нишони эҳтиром ба ӯ хилъати миллӣ пушонид.

Ёдовар мешавем, ки Куруш Пуркиён шаҳрванди Германия буда, аз соли 2013 масъулияти консули фахрии Тоҷикистон дар заминҳои федеролии Ҳамбург ва Шлезвиг-Ҳолштайни Германияро ба уҳда дорад.

Декабрь 5, 2017 09:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид