Кормандони соҳаи тандурустии ноҳияи Рӯдакӣ ҷонибдори Паёми Пешвои миллатанд

Декабрь 26, 2017 10:45

ДУШАНБЕ, 26.12.2017 /АМИТ «Ховар»/.  Зиёда аз 2000 нафар кормандони соҳаи тандурустии ноҳияи Рӯдакӣ баъди тамошои Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастгирии худро аз иқдомҳои  пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати зиёд гардидани муассисаҳои хусусии соҳаи тандурустӣ ва бе боҷи давлатӣ ворид намудани технологияи замонавии соҳаи тандурустӣ иброз намуданд.

Тавре сардухтури Маркази давлатии назорати санитарӣ — эпидемиологии ноҳияи Рӯдакӣ Иброҳим Бобоназаров зикр намуд, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатӣ соҳибкорону мутахассисони соҳаи тандурустиро дастгирӣ намуда, имконият доданд, ки ба беморхонаҳои хусусӣ ва марказҳои озмоишӣ дастгоҳҳои муосири соҳаи тандурустиро ворид намоянд. Дар ин замина барои мутахассисони ҷавон ҷойҳои нави корӣ пайдо мегарданду миёни муассисаҳои тандурустӣ рақобати солим пайдо шуда, шаҳрвандони бемор дар дохили мамлакат табобат мегиранд. Дар ин сурат дигар барои дар хориҷи кишвар ҷарроҳӣ кардану табобат гирифтан эҳтиёҷ намемонад.

 

Декабрь 26, 2017 10:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад