«Коррупсия зуҳуроти номатлубест, ки эътимоди мардумро ба давлат коста мегардонад» — ҳамоиш дар Суди Олии иқтисодӣ
ДУШАНБЕ, 25.12.2017 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарият, судяҳо, кормандони дастгоҳи судҳои иқтисодии ҷумҳурӣ ва намояндагони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар мавзӯи «Пешгирии омилҳои коррупсионӣ дар судҳои иқтисодӣ» ҷамъомад баргузор гардид.
Мавриди зикр аст, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ба Маҷлиси Олӣ таъкид намуданд, ки «коррупсия зуҳуроти номатлубест, ки эътимоди мардумро ба давлат коста гардонида, обрӯву эътибори онро коҳиш медиҳад, барои рушди иқтисодиёти пинҳонӣ ва истифодаи ғайримақсадноки маблағҳои давлативу ҷамъиятӣ шароит фароҳам оварда, дар маҷмӯъ, боиси поймолшавии ҳуқуқи инсон ва заиф шудани пояҳои ахлоқии ҷомеа гардида, яке аз монеаҳои ҷиддии пешрафти ҷомеа мебошад».
Раиси Суди Олии иқтисодӣ Мавлуда Қаландарзода зимни маърӯза ба суханони Пешвои миллат такя карда, изҳор намуд, ки афзудани ҷиноятҳои коррупсионӣ соли равон дар мақомоти судӣ боиси нигаронист.
Мубориза бо коррупсия самти муҳими сиёсати давлатии роҳбарияти Ҳукумат муайян шудааст ва дар ин самт заминаҳои ҳуқуқиву сохторӣ ташаккул ёфта, ҳамкории байналмилалӣ роҳандозӣ шудаанд. Аз ҷумла, Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тасдиқ намудани «Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020» яке аз тадбирҳои асосии ташаккули сиёсати давлатии зиддикоррупсионӣ дар кишвар ба ҳисоб меравад.
Бояд зикр кард, ки дар Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 22 декабри соли 2017 таъкид гардид, ки диққати сохтору мақомоти давлатӣ ва аҳли ҷомеа мунтазам ба масъалаи пурзӯр намудани мубориза бо коррупсия ҷалб мегардад, зеро бо вуҷуди тадбирҳои дар ин самт андешидаи Ҳукумат ҳанӯз ҳам ҳолатҳои содиршавии амалҳои коррупсионӣ кам нестанд.
Аз ин лиҳоз, Президенти мамлакат ба роҳбарони вазорату идораҳо, бахусус, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва худидоракунии шаҳраку деҳот супориш доданд, ки интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳоро танҳо тавассути озмун ба роҳ монда, барои тоза кардани сафи мақомот аз шахсони тасодуфӣ, риояи қатъии Кодекси одоби хизматчии давлатӣ ва татбиқи усулҳои муассири назорати дохилӣ чораҷӯӣ намоянд.








Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад






